Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

"СӮҲБАТ БО ПАДАРАМ” ё худ муколамаи қалбиву рӯҳии мусаввир Баҳром Сафо бо устод Даврон Сафозодаи шодравон.

Ҳадиси мусаввир

 

Ба муносибати  рӯзи  умумҷаҳонии театр дар нигористони Чорсуи Регистон намоиши асарҳои мусаввирони номдори Самарқанд  шодравон Даврон Сафозода ва  писари  ӯ Баҳром Сафозода, ки ҳар  ду  дар  театри драмавии мусиқии Самарқанд рассом  буданду ҳастанд намоишгоҳ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он як гурӯҳ  рассомони Ӯзбекистон, шогирдони мактабҳои олии шаҳри  бостонӣ, мухлисони  санъати тасвирӣ, вакилони расонаҳои ахбор ва дигарон ширкат варзиданд.

Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ҳозиронро хайра мақдам гуфта, дар  бораи  арбоби хизматнишондодаи санъати Ӯзбекистон Даврон Сафозода ва писари ӯ Баҳромҷон маълумот  дода  таъкид намуд, ки  падару писар  барои  рушди санъати тасвирӣ  саҳми арзанда гузоштанд.

Воқеъан  устоди устодони рассомӣ, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Даврон Сафозода дар  тӯли  умри  пурбаракат (1932-2015) барои  театрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  сипас Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 100 саҳна ва чеҳраҳои  қаҳрамонҳои асосии асарҳо  офарид, ки аз  хазинаи  тиллоӣ  ҷой гирифтааст. Ба  намоиши асарҳои  чун "Фауст","Борис Годунов," "Афсонаи Самарқанд”,"Қалби  шоир”,"Улуғбек","Имом Бухорӣ " ва ғайра саҳми арзанда гузошт.

Боиси хушнудист, ки  ҳоло анъанаҳои  сулоларо  писараш  Баҳромҷон  идома медиҳад.

Дар  намоиш  беш аз 140 асарҳои  онҳо  гузошта шуд, ки мухлисони санъати тасвирӣ бо шавқу ҳаводиси хоса аз  назар мегузоранд.

- Раҳматӣ  Даврон Сафозода яке аз  чеҳраҳои машҳури санъати тасвирии  ду кишвар - Тоҷикистон  ва Ӯзбекистон буда, дар  эҷодиёти  ӯ дурахшони рангҳо, ғояи  баланд, ва  арзишҳои миллӣ  таҷассум  ёфтаанд, - гуфт  доктори фанҳои фалсафа, санъатшинос, устоди  Донишгоҳи давлатии Самарқанд Баҳори Хуррамзод, - камина дар  бораи  эҷодиёти  нотакрору вай чанд мақола  навишта будам.

- Падару писар истеъдоди нотакрору ҷолиби диққат доранд, ки  таваҷҷӯҳи  мухлисони санъати бадеиро ба худ  мекашад, - иброз дошт академики рассомони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аслиддин Исоев, - Ман солҳои  тӯлонӣ бо устод  Даврон Сафозода ҳамкор будам. Имрӯзҳо бо  писари ӯ Баҳромҷон низ риштаи дӯстӣ  мустаҳкам мегардад.

Умедворем, ки дар  оянда  Баҳромҷон  анъанаҳои  падари бузургворашро идома  дода, асарҳои аҷоиб офарида, мухлисони санъати тасвириро хурсанд  хоҳад кард.

   Зоҳир ҲАСАНЗОДА.


Дата добавления: 05/04/2024 14:18;   Просмотров: 28
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку