Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

“Се афсона”

Интихоб, таҳия ва табъу нашри намунаи афсонаҳои халқи тоҷик дар шакли китоби хурдҳаҷм, ки аз ҷониби Зебо Исматуллоева ба вуқӯъ пайвастааст, корест айни муддао.

Бо назардошти синну сол, завқу савия ва сатҳи дониши иштиёқи мутолиа гирдоварӣ намудан, бо сифати баланд, ҳуруфоти хоно, суратҳои ҷолибу хотирмон ба хурдсолон пешниҳод кардани маҷмӯа заҳмати хосеро талаб мекунад.
“Се афсона” (Нашриёти “Тамаддун”, муҳаррир Шӯҳрат Бобоҷонов, 2000 нусха), ки шоёни таҳсину эътироф мебошад. Дар он ҳамагӣ се афсона – “Захми сухани бад”, “Ҳезумкаш ва мор”, “Духтари ҷасур” фароҳам омада, маънои баланди ахлоқӣ - дидактикиро муҷассам карданд. Агар баъзе хатоҳои имлоиро сарфи назар кунем, чунин китобчаҳои дилчаспу хонданибобро ҳарчи бештару беҳтар чоп кардан ва бо ин роҳ дар дили кӯдакон меҳру майли матолиаро устувор намудан осонтар аст. Нафақат афсонаву чистон, панду ҳикмат, зарбулмасал ва мақол, ривояту ҳикоятҳои халқӣ, балки осори назму насри адабиёти классикиву ҷаҳониро дастраси оилаҳои сершумори кишвар гардонем, нур болои нур хоҳад шуд.

Н.МЕҲРАНГЕЗ Дар акс: муқоваи китоб


Последнее редактирование: 18/09/2017 11:41;   Просмотров: 1438
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку