Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САТТОР АҲРОРӢ

(1930-1994)

Зодаву парвардаи деҳаи Чоршанбеи ноҳияи мо Саттор Аҳрорӣ аз зумраи шоирони хуштабъу поксиришт ба ҳисоб мерафт. Ӯ бо дониши фарох ва луғатдониаш аз дигарон фарқ мекард. Осори гузаштагони адабиёти тоҷику ӯзбекро хуб медонист. Сарояндаву навозандаи пурҳунаре буд. Ҳамчун шоир ва наққоши хушсалиқа бо ашъори дилангез ва нақшу нигори нотакрораш дар дилу дидаи садҳо шогирдону мухлисонаш маъво гирифта буд. Ӯ худ гуфтааст:

Чамани назми ман, Аҳрорӣ, зи навъи дигар аст,
Обаш аз парвариши чашмаи хуни ҷигарам.

Дар зери таъсири падари фозилу донишмандаш, ки асарҳои Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Фузулӣ, Машраб, Бедил, Туғрал ва дигаронро мехонд, ҳанӯз аз синни наврасӣ ба шеъргӯӣ ҳавас пайдо кард.
Пас аз хатми мактаби деҳа дар омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Тошканд таҳсил кард ва ба наққошӣ ва ҳунармандӣ машғул шуд. Баъдтар курси забони форсии назди Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуд. Бо роҳи худомӯзӣ истеъдоду маҳорати эҷодии худро такмил дод ва ба дараҷаи устодӣ расид. Ҳангоми вохӯриву сӯҳбатҳо бо ҳарорат аз асрори санъати сухан, вазни арӯз, қофия, радиф, воситаҳои тасвири бадеӣ, жанрҳо сухан меронд. Бо овози марғуладораш аз ашъори Мирзо Бедил, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Туғрали Аҳрорӣ ё Фурқату Фузулӣ хонда, маънидод мекард. Ӯ ҳамеша ташна ва тарафдори мубодилаи афкор оиди шеъру шоирӣ буд. Аз пешравиҳои аҳли қалам меболиду сустиву нуқсонҳои шеъри шоирони дигарро рӯйирост мегуфт. Баъзан тезӣ карда, оташ мегирифт ва ба ғазаб меомад.
Саттор Аҳрорӣ бештар ба шоирони классикӣ пайравӣ мекард. Ба вазни арӯз дар жанру шаклҳои ғазал, рубоӣ, мухаммас, мусаддас, мувашшаҳ ва ғайра шеър мегуфт. Дар шеърҳояш ишқи поки инсонӣ, ҳаёти иҷтимоии замон, тавсифи Самарқанд, манзараҳои дилфиреби табиат, одаму одамгариро васф менамуд. Шоир дар ашъори худ чунон, ки дар "Баённома" мегӯяд, "Нақшӣ" ва баъдан "Аҳрорӣ" тахаллус кард.
Солҳои охир аз пайи чопи ашъораш шуд. Ҳатто маҷмӯаи шеърҳояшро ба шакли китоб мураттаб сохта, ба нашриёти "Суғдиён" супурд. Маблағ, ки наёфт, чопи китоб ба таъхир афтод. Барои дастраси хонандагон сохтани он директори нашриёт шодравон Муртазо Тоҷизода ҳам ҷаҳду талош кард, вале бемор гашта, ба ин муваффақ нашуд.
Аз рӯйи нақли наздикон ашъори Саттор Аҳрорӣ 4 дафтари бузургҳаҷмро ташкил медодааст. Ба мо аз назар гузарондани фақат се дафтари ӯ ва шеърҳои парокандааш дар матбуот муяссар гашт.


Последнее редактирование: 26/04/2019 15:49;   Просмотров: 912
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку