Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Равзаи ғазал

Фаридуддини АТТОР
(1145-1221)

Равзаи ғазал

Зи даст рафт маро бе ту рӯзгор, дареғ!
Чӣ як дареғ, ки ҳар дам ҳазор бор дареғ!
Ба ҳар чӣ дарнигарам бе ту, сад ҳазор афсӯс,
Ба ҳар нафас, ки занам бе ту, сад ҳазор дареғ!
Диле, ки оби висолаш ба ҷӯй буд равон,
Бисӯхт з-оташи ҳаҷри ту зор-зор, дареғ!
Чу лолазори рухат шуд зи чашми ман берун,
Зи хуни чашм рухам шуд чу лолазор, дареғ!
Чу гул шукуфта будам пеш аз ин зи шодии васл,
Ба ғам фурӯ шудам акнун бунафшавор, дареғ!
Зи даври чарх хурӯшу зи бахти бад фарёд,
Зи умри рафта фиғону зи рӯзгор дареғ!
Чу гӯям аз ғами аҳди ҷаҳон, ки то ки ҷаҳон-ст
Бинои аҳди ҷаҳон нест устувор, дареғ!
Агар ҷаҳони ҷафопешаро вафо будӣ,
Маро ҷудо нафикандӣ зи ғамгусор, дареғ!
Дилат, ки гулшани таҳқиқ буд, эй Аттор,
Бисӯхт ҳамчу дили лола з-интизор, дареғ!
***
Дило, чун кас нахоҳад монд дойим ҳам намонӣ ту,
Қадам дарнеҳ, агар ҳастӣ талабгори маонӣ ту.
Гирифтам, сад ҳазорон илм дар мӯе бидонистӣ,
Чу маргат соя андозад, сари мӯе чӣ донӣ ту?
Чу комат барнамеояд, ба нокомӣ фурӯ деҳ тан,
Ки дар зиндони нокомӣ наёбӣ комронӣ ту.
Ба чизе зиндагӣ бояд, ки набвад з-ин ҷаҳон лобуд,
Ки то чун з-ин ҷаҳон рафтӣ, бад-он зинда бимонӣ ту.
В-агар зинда ба дунё бошӣ, эй ғофил, дар он олам,
Бимонӣ мурдаву ҳаргиз наёбӣ зиндагонӣ ту.
Агар ту парру боли дунйиву уқбо бияндозӣ,
Хитобат ояд аз пешон, ки ҳар-ч он ҷустӣ, онӣ ту.
Бале, ҳар дам паёмат ояд аз ҳазрат, ки эй маҳрам,
Чу ҳайи лоямутӣ ту, чаро бар худ нахонӣ ту.
Чу гаштӣ з-ин хитоб огоҳ, ҷонатро яқин гардад,
Ки султони ҷаҳонафрӯзи дорулмулки ҷонӣ ту.
Зиҳӣ Аттор, к-аз баҳри маонӣ чун мадад дорӣ,
Тавонӣ кард ҳар соат басе гавҳарфишонӣ ту.


Последнее редактирование: 16/09/2020 10:11;   Просмотров: 524
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку