Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПОСИ ХОТИРИ ШОИР

Шоири хушбаёну тавонои тоҷик Лоиқ Шералӣ дар қайди ҳаёт мебуд, рӯзи 20-уми май мавлуди хешро ҷашн мегирифт. Сад дареғо, ки вай дар авҷи камолот дар синни 59-солагӣ олами ҳастиро падруд гуфт. Ӯ бо назми дилошӯбу пурмазмун, ишқиву файласуфонааш ҷовидон аст.

Устод Лоиқ Шералӣ худро самарқандӣ медонист ва ба шаҳри бостонии мо меҳри хосса дошта, шодравон ба Самарқанд, аз он ҷумла деҳаи хушҳавои Оҳалик борҳо меҳмони олиқадр шудааст.
Дар анҷумани ёдбуд, ки бо иштироки ошиқони каломи мавзун дар мактаби миёнаи рақами 18-и деҳаи мазкур ба вуқӯъ пайваст, ба мавлудии шоири замон Лоиқ Шералӣ бахшида шуд. Собиқадори таълими халқӣ, сухандони номдори Самарқанд Ашӯрбой Шоҳмақсудов ба нишасти адабӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба хизмати ӯ барои пешравии адабиёти тоҷик ҳарф зад.
- Камина бо ин шоири навовару соҳибзавқ дар Душанбешаҳр борҳо сӯҳбат ороста будам, - хотироти худро нақл намуд Аълочии таълими халқӣ Абулмаҷам Зоҳидов. - Солҳои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон тақдир бо ӯ рӯ ба рӯ карда буд. Маҳз солҳои шасту ҳафтодуми асри сипарӣ вай ба арсаи адабиёт омад. Он айём дар муҳити ҷавонон, алалхусус дар ҳалқаи навқаламон шӯҳрату овозаи хосса дошт Лоиқи зиндаёд.
Мо, мухлисон шеъру ғазалҳои тозаэҷоди ӯро аз ёд карда, байни худ баҳсу мунозираи хосса доштем. Вай дар мактаби зодгоҳам ташриф фармуда, хотири нек гузоштааст.
- Ба ман ҳам бахти дидорбинӣ бо ин шоири сухансанҷу сухандон, нозукфаҳму нозукадо муяссар шудааст, - барафзуд муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги" шоир, Нормурод Каримзода, - баъди қироати шеърҳоям доир ба бурду бохт, ҳусну қубҳи кори эҷодии ман маслиҳатҳои муфид дод. Бешак, на танҳо камина, балки ҳама он шоирони ҷавоне, ки ба боғи адабиёт омадаанд, аз эҷодиёти устод Лоиқ баҳра бардошта, шеъру ғазал навиштанро омӯхтаанд. Бешубҳа, хидмати ӯ дар поягузорӣ ва барқарории шеъри тоҷик бузург аст.
Инчунин, раиси Маркази милливу мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд Акбар Маҳмудов, сардабири рӯзномаи "Овози Самарқанд", шоир Баҳодури Раҳмон, мухлиси адабиёт Неъмат Раҳмат ва дигарон низ ба минбар баромада, доир ба хидмати пурарзиши Лоиқ Шералӣ дар адабиёти тоҷик ҳарф заданд. Ҳофизи маъруф Ҳазрати Ҳамроқули Оҳаликӣ бо сурудҳои дилнишин бар матни шеърҳои соҳибҷашн қалби ҳозиронро шоду масрур гардонд.
Марги нобаҳангом Лоиқи замонро аз байн рабуд, аммо чуноне, ки ӯ худ фармудааст:
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям ман.
Ёдбуди Лоиқ Шералӣ дар мактабҳои рақами 37-и ноҳия, 73 (собиқ мактаби рақами 14-и ноҳия)-и шаҳр низ баргузор гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Последнее редактирование: 31/05/2019 15:31;   Просмотров: 834
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку