Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПАЁМИ ПАЙМОН

Узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоири ширинкалом Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) зодаву парвардаи деҳаи кӯҳистони Синтоби ноҳияи Нуратост. Вай худро ҳамеша самарқандӣ мешуморад. Паймон фориғуттаҳсили Донишкадаи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии Самарқанд мебошад. Аз шоири самарқандӣ Салим Кенҷа асрори санъати сухан омӯхтааст. Устод Паймон борҳо меҳмони ноҳияи мо гардидааст. Боду ҳавои Самарқанд ба ӯ илҳом мебахшад.

ҒАЗАЛИЁТ

Хабар кунед боғро баҳор шуд, баҳор шуд,
Ҷиболу дашту роғҳо, баҳор шуд, баҳор шуд.

Дарак диҳед бо лаби тару муаттари насим,
Ҳазори гулсуроғро баҳор шуд, баҳор шуд.

Фусурда буд шамъи гетӣ дӯш, ҳолӣ бингаред,
Шукуфта ин чароғро, баҳор шуд, баҳор шуд.

Ба косагул баред барги сабзи мужда, то кунад,
Пур аз гулоб аёғро, баҳор шуд, баҳор шуд.

Замин таронахона гашту хиттаи ҳунар намонд,
Дигар калоғу зоғро баҳор шуд, баҳор шуд.

Бирехт оби раҳмат аз карам ба ҷони ман дамид,
Шукуфаи фароғро, баҳор шуд, баҳор шуд.

Зи табъи мо баред бар азизи дил паёми мушк,
Ки хуш кунад димоғро, баҳор шуд, баҳор шуд.
* * *
Як умр рӯз хостему рӯзамон набуд,
Як субҳи шоми бесӯзамон набуд.

Ҳарчанд дар дами баҳори ноз зодаем,
Лутфи баҳору раҳмати Наврӯзамон набуд.

Ғамхору меҳрубони мо аз аҳли ин ҷаҳон,
То буд, ғайри модари дилсӯзамон набуд.

Дар печу тобҳои роҳу пайраҳи ҳаёт
Ғайр аз падар ҳакими пандомӯзамон набуд.

Бар рағми мушти кинаи чархи замонасоз,
Ҷуз мушти дил муборизи пирӯзамон набуд.

Оне, ки дар ғуруби мо хуршеди рух намуд,
Илло, нигори хубу дилфирӯзамон набуд.

Паймон, ҳазор шукр, ки бо сӯзани қалам,
Ҷуз дар дӯкони шеър дарзу дӯзамон набуд.
* * *
Дил дар ҳавои васли ту шӯрида мешавад,
Дарёи шӯр ашкам аз ду дида мешавад.

Пажмурда мешавад на як барги гули ҳавас,
Нахли тари умед ҳам хушкида мешавад.

Ҳастии ман, вуҷуди сабзу сабзпӯши ман,
Чун боғ аз дами хазон коҳида мешавад.

Ҷон дар хаёли як дами дидор, ай азиз,
Доман зи қолаби танам барчида мешавад.

Пойизхӯрда мешавад бори баҳори тан
Наврӯзи сина тирамаҳсоида мешавад.

Н-аз чарх лутф мерасад, не аз замона ҷуд,
Аз чор сӯ дари карам пӯшида мешавад.

Майли иноят ар намекунӣ паём деҳ
Паймонат аз ками ту ҳам болида мешавад.
* * *
Дӯстон, ҳастем дар ёди шумо,
Дар дуои ҷони ободи шумо.

Аз шумо дар ранҷатон ранҷуртар,
Аз шумо хуштар дами шоди шумо.

Кошкӣ, додори дори доругир,
Даррасад пайваста бар доди шумо.

Яъне то рӯзи қиёмат, то абад,
Нашнавем ангези фарёди шумо.

То замину то замон боқист, бод
Низ барҷо хишти бунёди шумо.

Дар лаби мо шеър ҷуз шукрона нест,
Аз шумо, аз аҳлу авлоди шумо.

Ёди мо гар мекунед, ар на, чӣ ғам
Мо чу Паймонем дар ёди шумо.

Паймон


Дата добавления: 26/05/2017 16:20;   Просмотров: 1308
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку