Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲОМИИ АДОЛАТ

Аз қадимулайём инсони асил дар иҳотаи тазодҳои зиндагӣ чун некиву бадӣ, гармову сармо, қабоҳату адолат, ҷаҳолату маърифат, саодату бадбахтӣ, мардиву номардӣ, кибру хоксорӣ, инсофу бевиҷдонӣ, сулҳу ҷанг, ҳалолу ҳаром, ҳавасу ҳасад ва ғайра ҷаҳду талошҳо варзида, барои беҳбудии ҳаёт, равнақи ҷамъият, гулгулшукуфии имрӯзу фардои ғанимат ҳиссагузорӣ мекунад. Дар достони “Ҳомии адолат” то андозае масъалаҳои муҳими маънавиёти ҷомеаи мирӯза инъикоси бадеии худро ёфтааст, ки хонандаи азизро бефарқ намегузорад. Фалсафаи ҳақиқат ва адолат бо тобишҳои лирикии худ, бо нерӯи тақдирсоз ва пирӯзиҳои ҷовидонияш дилҳои хайрхоҳонро мунаввар хоҳад кард.
Муаллиф

(Маснавӣ)

Ба онҳое, ки дар роҳи тантанаи адлу дод, дилёбиву накӯкорӣ ба манфиати халқ ҷонфидоӣ мекунанд, бахшида мешавад.

Бар сурати ту назар намудам,
Ғамгин назарат асар намудам.
Ҳабиб Юсуфӣ
ОҒОЗ
Ин ҷаҳон саршор аз макру ҳасад,
Ҳар ки бо роҳе ба мақсад мерасад.
Гар яке озор дид аз фандҳо,
Дигаре фарзона шуд аз пандҳо.
Зумрае ҷон меканад дар роҳи зишт,
Барзагар орад ба каф ҳосил зи кишт.
Чоҳ канад аз баҳри маҳви мо касе,
Аз чунин ноодаме бартар хасе.
Нангу номус гар шавад ҳамсони хок,
Соҳибашро оқибат созад ҳалок.
“Ҳар касе ҳамсояро дилхаста кард,
Ҳақ дари ҷаннат ба рӯяш баста кард.” (Ҷ.Балхӣ)
Ранҷбар бо меҳнаташ ганҷ оварад,
Фитнагар бо хӯи бад ранҷ оварад.
Нокасон расво шаванд аз нафси шум,
Дур шаванд аз бӯстон монанди бум.
Мераманд аз мавҷи оби баҳри шӯр,
Чашми биношон намебинад чу кӯр.
Ғарқи дарёи ҷаҳолат мешаванд,
Банди чанголи хиёнат мешаванд.
Гум кунанд ин шоҳроҳи зиндагӣ,
Завқ ёбанд аз риё, шармандагӣ.
Бе ягон андешаву кори ғалат,
По ниҳад бо роҳи ҳақҷӯ ҷамъият.
“Он диле, ки дарду сӯзаш нест, чист?
Соҳиби бедил дар ин сайёра кист?
Дар ҷаҳони худ кунан парвоз кун,
Қуфли занҷири дилатро боз кун” (Аз Ҳадиса)

МОНОЛОГИ ҚАҲРАМОН
Мурғи дил ҷӯёи фикри дона шуд,
Корҳоям қиссаву афсона шуд.
Ҳар ғаме бо нархи имон мехарам,
Изтиробе мояи дарди сарам.
Менамоям аз бароят доварӣ,
Бо садоқат, эътибору ёварӣ.
Дил намехоҳад, ки ранҷур бинамат,
Кош умре шоду масрур бинамат.
Ҳилагар аз ман намеёбад раҳо,
Баҳру бар аз кори ман ёбад сафо.
Уқдаҳои мушкилеро во кунам,
Гавҳари мақсуди кас пайдо кунам.
Бо раҳи адлу ҳақиқат меравам,
Ҷон фидо месозаму дил мебарам.
Мекашам бори ниёзи одамон,
Мечашам лаззат зи хушҳолии ҷон!
Муттаҳам охир пушаймон мешавад,
Қудратам фаҳмида ҳайрон мешавад.
Порахӯр таслим шавад аз тадбирам,
Қасди дилхунгаштаро ман мегирам,
Зистгоҳам Чордара, Рухсораам,
Бо ҳақиқатҷӯӣ бас овораам.
Чашм бикшодам дар ин деҳи аҷиб,
Дар макони ормонҳои наҷиб.
Ёфтам нашъу намо дар хонадон,
Дар миёни пиру барно шодмон.
“Зиндагонӣ гоҳ ҳиҷрон оварад” (Зулфия)
Марду занро низ ба туғён оварад.
Нестам аз зумраи беору нанг,
Саъй дорам баҳри фардои қашанг.
Муддаоям: беҳ шавад аҳволи халқ,
Кас насозад чашм ало бар моли халқ.
Ёрмандӣ касби ман иқдоми ман,
Ҷонфидоӣ аввалу анҷоми ман.
“Бо дили ором маро хотир хуш аст” (Ҳофиз)
Беҳтарин неъмат ба мо осойиш аст.
Бишнавам гар нолаҳои зорро,
Бингарам ё дидаи хунборро.
Ҳамчу мӯ мепечам аз қаҳру ғазаб,
Аз қабоҳат, аз алам, аз тобу таб.
“Меҳрубоне, ки бa меҳр омехт, рафт”, (Меҳринисо)
Хоки ҷону қалби моро бехт, рафт.
Рафт аз дунёи ишқи босафо,
Шуд бадар аз мулки ҳастӣ, эй Худо!
Зинда бодо покрою покдин,
Ростгӯву росткору ростбин.
Ҳирсу иғво мебарад сӯи завол,
Хайру эҳсон чашмаи авҷу камол.
Садди шаҳроҳи ҳақиқат бишканам,
Теша бар тиррешаи золим занам.
Гар якеро раҳнамун кардам ба ҳаҷ,
Дигаре фориғ шуд аз дарди фалаҷ.
Ошиқе дарёфт ёри дилбаре,
Хонадон равшан шуд аз маҳпайкаре,
Қарзро рӯёнидам аз нохалаф,
Аз мунофиқ, ваъдабози бешараф.
Шод кардам сад дили ношодро,
Сабз кардам марзи ноободро.
Он чӣ кардам, аз ғараз озод буд,
Бегумон бар одамон имдод буд
Хостам, ҳaр мушкиле осон шавад,
Бар ниёзаш некиам дармон шавад.
Бар сараш то шӯълавар бод офтоб,
Бахт хандад дар канораш беҳисоб.
“Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт” (М.Турсунзода)
“Кӯш, то халқро ба кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон биороӣ” (Н.Ганҷавӣ)
Нормурод КАРИМЗОДА
(Давом дорад)


Дата добавления: 07/04/2017 15:29;   Просмотров: 1429
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку