Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

"ОДОБ ҲУСНИ ИНСОН АСТ"

Маҳбуба Неъматзода аз адибони хосаи кӯдакону наврасони мост. Ӯ танҳо барои бачаҳо менависад.

Ҳам шеър, ҳам ҳикоя. Ҳикояҳояш аз шеърҳояш, шеърҳояш аз ҳикояҳояш беҳтаранд. Агар шеърҳояшро хонед, мегӯед, ки ҳикояҳояшро хонам. Агар ҳикояҳояшро хонед, мегӯед, ки шеърҳояашро хонам. Вай табъу завқи хуб дорад ва табъу завқи хонандагонашро ҳам хуб медонад. Рӯҳшинос ҳам ҳаст. Барои ҳамин ҳангоми чопи китобҳояш шеъру ҳикояҳояшро аксаран дар зери як муқова фароҳам меорад, то хонандааш дар армон намонад: хоҳад, шеърҳояшро монаду хикояҳояшро хонад; хоҳад ҳикояҳояшро монаду шеърҳояшро хонад. Ё чунон ки хонандагони хушзавқ орзу мекунанд, ҳам шеърҳояшро, ҳам ҳикояҳояшро саросема нашуда, бо ҳавас, бо диққат, бо навбат аз аввал то охир бихонанд.
Дар ин китобаш ҳам адибаи бомаҳорат шеъру ҳикояҳои барои наврасон эҷоднамудаи худро ҷой додааст. Боварӣ дорем писанди хотиратон мешавад.


Последнее редактирование: 10/05/2019 16:01;   Просмотров: 1601
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку