Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НОМ ВА РУҲИ ҶОНИБЕК ЗИНДА АСТ

Рӯзи 27-уми апрели соли равон дар бинои мактаби мусиқӣ ва санъати деҳи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах зери шиори "Ӯзбекистон-хонаи умумии мо" бахшида ба тақдимоти китоби "Ширу шакар"-и шоири зуллисонайни хушбаён, шодравон Ҷонибек Қувноқ баргузор гардид. Дар анҷумани бошукӯҳ аз тамоми қаламрави тоҷикнишини кишвари мо аҳли қалам, санъаткорон ва мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд.

Ба тадбири бошукӯҳ раиси маркази милливу фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, шоир Ҷаъфари Муҳаммад, ки муҳаррири масъули китоб буд, ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, олими адабиётшинос Аслиддин Қамарзода, мудири бахши адабиёт ва санъати рӯзномаи "Овози тоҷик", шоир Абдулло Субҳон, раиси маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифзода ва дигарон ба минбар баромада, хотираҳои худро дар бораи шодравон Ҷонибеки Қувноқ нақл намуданд.
Воқеан, Ҷонибек Қувноқ 10-уми ноябри соли 1941 дар деҳаи кӯҳистони порашти Нурато чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ таълими ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби деҳаи Синтоби Нурато гирифта, таҳсили худро дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд идома дод. Чакидаҳои аввалини хомаи ӯ дар рӯзномаҳои "Ҳақиқати Ӯзбекистон" (ҳоло "Овози тоҷик") ва "Ҳақиқати Ленинобод" (ҳоло "Садои Суғд") ба табъ расидаанд. Вай муаллифи маҷмӯаҳои шеърии "Қарз", "Арзи дил", "Ифтихор", "Розҳо", "Зангӯла" ва ғайра аст.
Ҷонибеки Қувноқ барҳақ барои адабиёти тоҷику ӯзбек пули дӯстӣ буд. Ӯ шеъру ҳикоёти зиёди ӯзбекиро ба тоҷикӣ ё худ тоҷикиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.
Вай аз соли 1966 то дами вопасин дар идораи рӯзномаи "Овози тоҷик" фаъолият бурда, барои сайқали истеъдоди навқаламони Ӯзбекистон саҳми муносиб гузошт.
Сад дареғ, ки ӯ дар айни камолоти эҷодӣ 6-уми ноябри соли 1990 ҷон ба ҷонофарин супурд. Марги нобаҳангоми шоири оташқалб, дилёбу дарёдил дар хотири шефтагони адаб абадан боқӣ хоҳад монд.
Дӯсти ҷонӣ ва ҷавонии ӯ Лоиқи зиндаёд дар сарсухани китоби "Саховат" чунин гуфтааст: "Навиштаҳои Ҷонибек кӯлворест аз дӯши марди сафар дар роҳуфтода. Ва агар ҳар раҳгузаре ба он бархӯрад, пораи тӯшаи маънавӣ ва руҳӣ хоҳад ёфт, тӯшае, ки ранги бӯи лаҳазоти талху ширини умри кӯтаҳ бақои шоирро дорад. Тӯшае, ки соҳибаш беш аз сӣ сол зарра-зарра андӯҳта, инак дар раҳгузари фардо ниҳодааст. Ном ва руҳи Ҷонибек зинда аст".
Сад ҳайф, ки устод Ҷонибек бебозгашт рафт ва дар қабристони зодгоҳаш манзили охират ёфт.
Китоби тозанашри "Ширу шакар"-и Ҷонибек Қувноқ аз соҳиби фитрати олӣ будани устод гувоҳӣ медиҳад.
Ҷонибек Қувноқ дар дилу дидаҳо ҷовидон аст.
Ман ба дунё омадам дар асри бист,
Заррае аз ин пушаймон нестам.
Боз як умри дигар медоштам,
Дар ҳамин асру замон мезистам.
Барои табъу нашри китоб баробари хонуми мӯхтарамаи ӯ Кимёхонум ва фарзандонаш Ҷаҳонгиру Фирӯз, Нигинаву Фирдавс ва Баҳодур, раиси маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифзода, адибу рӯзноманигор Юнуси Имомназар, аъзоёни маркази милливу фарҳангии тоҷикони ҷумҳурият бо сарварии шоир, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Ҷаъфари Муҳаммад, сармуҳаррири китоб, шоир узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Асадулло Исмоилзода калон аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Последнее редактирование: 03/05/2019 14:17;   Просмотров: 1007
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку