Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НАЗАРЕ БА ТАМСИЛҲОИ ЛОҲУТӢ

Тамсил дар эҷодиёти Лоҳутӣ мақоми калон дорад ва аз тамсилҳои адабиёти классикӣ фарқ мекунад, чунки шоир онро барои ифодаи мазмунҳои нав, маънои бикр ва тару тоза ба кор бурдааст. Ин услуб дар эҷодиёти шоир аз солҳои 1914 оғоз ёфтааст ва то охири фаъолияти адабиаш давом кардааст.

Пеш аз он ки ба мақсади асосӣ - кушодани мундариҷаи бадеию ғоявии ин ва ё он тамсили шоир бевосита шурӯъ намоем, аввал чунин хусусиятҳои тамсилҳои шоирро шарҳ бояд дод:

1. Лоҳутӣ дар баъзе шеърҳои тамсилиаш аз мазмуни ҳикояҳои тамсилии халқӣ истифода бурдааст ва ин сюжетро барои ифодаи фикрҳои нав истифода мебарад. Образҳои рамзии шоир: Шер, Саг, Шербон, Шағол, Сангпушт ба хонанда, ҳамчун образҳои типикии дорои моҳияти иҷтимоӣ - сиёсӣ ба назар мерасанд.

2. Дар шеърҳои тамсилии Лоҳутӣ маҳорати баланди хулосабарории шоирона мушоҳида мешавад. Ин гуна ҳолат дар тамсили халқӣ дида намешавад, ҳатто, баъзан хулосаҳои шоир характери афоризмӣ мегиранд.

3. Мавҷуд будани сюжетҳои тамсилӣ ба хусусияти реалии шеърҳо халал намерасонад, баръакс, барои қувват додани таъсири эмотсионалӣ ва эстетикии онҳо ёрӣ медиҳад. Аз ин ҷост, ки дар вақти навиштани шеъре, ки дар он воқеаи тамсилӣ ифода ёфтааст, шоир, пеш аз ҳама, хусусиятҳои умумӣ ва конкретии образҳои рамзии Шер, Саг, Дев, Парии Бахт, Бӯзина, Хар, Қатра ва монанди инҳоро дар назар дорад. Баъд, ба воситаи мисраъҳои ҷамъбасткунанда, ки одатан дар хотимаи шеър ҳамчун хулосаи мантиқӣ меоянд, шахс ё предмет ба онҳо муқоиса карда мешаванд. Масалан, дар тамсилҳои «Се қатра», «Ба Максим Горкий» образҳои рамзӣ барои пурқувват кардан асоси ҳастӣ истифода бурда шудааст. Дар ҳақиқат, агар шоир дар шеърҳои ба Максим Горкий бахшидааш бе тасвири воқеаҳои тамсилӣ якбора ба тавсифу таърифи адиби нуктасанҷ - А.М. Горкий мегузашт, шеър ин гуна таъсирбахш намебаромад.

Дар достони «Мардистон» мамлакат ва халқи муборизи он ба кишвари афсонавии Мардистон ва сокинони он ташбеҳ дода шудааст. Эҷодкорона истифода бурдани анъанаҳои фолклорӣ мазмуни ашъори Лоҳутиро ғанӣ ва серобуранг намуда, ба он оҳангу хусусияти миллӣ бахшидааст. Ин хислати миллӣ доираи таъсири тарбиявии шеърҳои шоирро боз ҳам васеътар намуда, ба пафоси баланди граждании он кӯмак расонидааст. Ин гуна хусусиятҳо Лоҳутиро, ҳамчун сарояндаи ҳаёти хушбахтонаи халқҳои сермиллат, ҳамчун муборизи монданашавандаи озодӣ машҳур гардонид.

Бояд гуфт, ки А. Лоҳутӣ баъд аз шиносоӣ бо асарҳои широни ҳамзамони рус ва дар ҷараёни тарҷумаи асарҳои «Суруд дар васфи Шаҳбоз», «Суруд дар васфи Мурғи Тӯфон»-и М.Горкий як мактаби адабиро гузашт.

Тамсил дар эҷодиёти солҳои пешазҷангӣ ва давраиҷангии шоир мақоми хоса пайдо кардааст. Лоҳутӣ, агар солҳои сиюм ба воситаи образҳои рамзӣ ниқоб аз рӯйи душманони синфӣ дур меандохту онҳоро фош ва масхара мекард, дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мавзӯи мубориза бар душманони ғаддор, интиқомситонии халқи ватанхоҳ мавқеи муҳим пайдо кардааст. Тамсилҳои «Мӯр ва Офтоб», «Оташи кӯдаксӯзро хомӯш кунем», «Паҳлавон оштӣ», «Ҳамсафарон», «Мардистон» аз ҳамин қабиланд.

Дар шеърҳои Лоҳутӣ зарбулмасалҳо на танҳо барои кушодани ғояи байту мисраъҳо, балки тамоми шеър хизмат кардаанд.

Дар байтҳои зерини шоир зарбулмасали «Сар раваду сир наравад»-ро бо мақсади пуртаъсиртар баён кардани сифати марди мубориз овардааст:

Аҷаб мадор, ки сар доду сир надод ба душман,

Ҷуз ин сифот зи Лоҳутӣ интизор надорам.

Дар чунин ҳикматҳои Лоҳутӣ рӯҳ ва идеали халқ бо як соддагӣ ва самимият ифода ёфтаанд: 

Зиндагӣ бе рафиқҳо марг аст,

Шахси бедӯст шохи бебарг аст.

* * *

Дӯстӣ баҳри мард таъин аст,

Намаки оши зиндагӣ ин аст.

* * *

Киштӣ натавон ба ҳавз рондан,

Ё ҳавз ба истакон нишондан.

* * *

Баҳри ҳар дард кор дармон аст,

Кор мушкилкушои инсон аст.

Таҳияи Н.МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 06/01/2017 11:28;   Просмотров: 1683
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку