Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НАВИДИ ФАРАҲБАХШ

Илми фарҳангшиносии форсу тоҷик чун адабиёти классикии зиёда аз ҳазорсолаи миллат таърихи бой ва пурарзише дорад.

Асарҳои илмиву тадқиқотии соҳаи мазкур хеле зиёданд. Аз ҷумла, “Ғиёс-ул-луғот”, “Луғати нимтафсилии тоҷикӣ”-и устод Садриддин Айнӣ, “Фарҳанги форсӣ”-и Муин, “Фарҳанги форсӣ”-и Амид, “Фарҳанги луғот ва таркиботи “Шоҳнома”-и Д.Шомбиётӣ ва ғайра.
Ин манбаъҳои пурмӯҳтавои забони адабии моро ба маънои томи сухан метавон ҳамчун ганҷинаи вожаҳо эътироф кард.
Боиси хурсандист, ки асари тозанашри фарзанди номии Самарқанд, шоир, тарҷимон ва муҳаққиқи нукадон Ҳаёт Неъмат бо унвони “Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ” (нашриёти “Адиб”, соли 2017), ки маҳсули тадқиқоти дарозмуддати ӯст, дастраси аҳли илму эҷод гардид. Мувофиқи таъкиди муаллиф китоби номбурда бо салоҳдид ва маслиҳатҳои муфиди олимони машҳури соҳаи суханшиносӣ доктор Садрӣ Саъдиев, профессорон Муҳаммадҷон Шакурӣ (Рӯҳашон шод бод!), Абдунабӣ Сатторзода, Акбар Турсунов арзи вуҷуд кардааст ва “Албатта, ин китоб аз хатову норасоиҳо холӣ нахоҳад буд ва умед аз аҳли инсоф, ки маъзур дошта, ба чашми ғараз нанигаранду ба ислоҳи онҳо пардозанд”.
Китоб аз қисматҳои дебоча, 4 боб ва иловаҳо иборат буда, 400 саҳифаро дорост. Умед дорем, ки омӯзгорон, донишҷӯён, мутахассисон, кормандони васоити ахбори умум, доираи васеи мухлисони каломи бадеи форсу тоҷик аз ин дастуруламали рӯимизӣ баҳраманд мешаванд.

Н.МЕҲРАНГЕЗ


Последнее редактирование: 13/09/2017 16:03;   Просмотров: 1231
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку