Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«НАСИҲАТ БА ФАРЗАНД»

Бо ин ном китоби адиби бомаҳорат, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, рӯзноманигори шоистаи Ӯзбекистон Нусрат Раҳмат бо забони тоҷикӣ дар нашриёти "Турон-иқбол" нашр гардид. Муаллиф яке аз адибони шинохтаи Ӯзбекистон буда, китобҳои зиёди пурмӯҳтавои ӯ бо забони ӯзбекӣ рӯйи чопро дидаанд.


Адиб ва публисисти шинохта Нусрат Раҳмат 3-юми июли соли 1941 дар ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Солҳои зиёд дар рӯзномаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриятӣ мухбир буд. Чанд сол дар нашриёти "Меҳнат" вазифаи муҳарририро иҷро намуд. Дар кумитаи ҳифзи табиати Ӯзбекистон дар вазифаҳои масъул меҳнат кард.
Китоби нахустинаш соли 1975 бо номи "Агар табиатро дӯст доред" нашр гардид. Пас аз он "Чанқовуз", "Вартаҳои дури дур", "Дашт", "Андешаи ҳамзамон", "Мӯъҷизаи селексия", "Вартаҳо ва сабақҳо" барин зиёда аз 20 маҷмӯаи очерку ҳикояҳояш дар нашриётҳои гуногун рӯйи чопро дидаанд. Муаллифи романҳои "Инро ҳаёт мегӯянд" ва "Ҷадид" аст.
Соли 2004 Нусрат Раҳмат ба унвони Журналисти шоистаи Ӯзбекистон мушарраф гашт.
Дар китоби "Насиҳат ба фарзанд" Нусрат Раҳмат анъанаи насиҳатноманависиро идома дода, бо мисолҳои ҳаётии имрӯза ҷавононро ба покизарӯзгорию ростқавлӣ даъват мекунад. "Дар бораи дониш андӯхтан, ҳунар омӯхтан ва соҳиби заковат шудан", "Дар бораи меҳри падару модар ва вазифаи фарзандон", "Андар сухандонӣ, хушбахтӣ ва эҳтиром ба миллат" барин мавзӯъҳои муҳиме, ки дар китоб ҷой гирифтаанд, барои тарбияи насли наврас дастури ҳаётист.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
сармуҳаррири нашриёт


Дата добавления: 02/10/2020 12:08;   Просмотров: 654
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку