Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАТЕМАТИКИ АДАБИЁТДӮСТ

Дар ҳаёт ба инсонҳои зудҷаҳлу баланддимоғ бисёр рӯ ба рӯ меоем. Бо ин гуна инсонҳо кас аз сӯҳбат кардану ба онҳо ягон фикри худро баён кардан меҳаросад. Ё худ умуман суханеро гуфтан ҳам намехоҳад. Шахсони дорои хислатҳои меҳрбору мулоим орому хоксор, чеҳракушоду самимиро кам андар кам вомехӯрем. Аз он рӯзе, ки ба ҷамоаи рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ҳамроҳ шудам, чунин хислатҳоро аз Тошқул Азимзода дарёфт кардам. Ягон лаҳзае он касро саросемаву дарғазаб ва ё ғамгину парешонхотир надидаам. Доимо дар чеҳраашон табассуму дар забонашон суханҳои нарму мулоим мебошад. Ҳатто баъзан дар мақолаҳоям хатогие дида шавад ҳам, онро бо суханҳои хуш, ором мефаҳмонанд. Кай вақте, ки ба идораи рӯзнома равам, он кас доимо дар даст ручка бо эҷод кардану чизеро тарҷима намудан машғуланд.

Тошқул Азимзода зодаву парвардаи маҳаллаи Чилсутуни деҳкадаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд мебошад. Ӯ аслан хатмкардаи факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Ду сол ба хизмати ҳарбӣ рафта, соҳиби унвони лейтенант ҳам шудааст.
Вақте ки Тошқул Азимзода дар мактаби умумтаълимии рақами 25–и ба номи Абдусалом Деҳотии ноҳияи Самарқанд ҳамчун муаллими фанни математика фаъолият нишон медод, асарҳои шоиру нависандагони машҳурро хонда, ба адабиёт меҳри беандоза пайдо кард. Оҳиста – оҳиста худ низ ба навиштани ҳикояву ҳаҷвияҳо оғоз намуд. Дар аввал навиштаҳояш ба худ он қадар маъқул набуд, аз ин рӯ онҳоро ба касе нишон додан намехост. Бо гузашти рӯзҳо дар болои худ пайваста кор карда, ҷуръат пайдо кард, ки навиштаҳояшро ба нависанда Болта Ортиқзода нишон диҳад. Болта Ортиқзода ҳикояҳои Тошқул Азимзодаро хонда, дар рӯзи муайняншуда ба хона – музейи Садриддин Айнӣ омаданашонро таъин кард. Баъди муддате ӯ ба хона – музей рафт. Дар он ҷо бисёр шоиру нависандагон ҷамъ шуда буданд. Болта Ортиқзода ӯро бо дигарон шинос намуда, гуфт: «Мана ҳамон математики адабиётдӯст, ки ман ба шумоён гуфта будам. Навиштаҳояшон бад нест, боз якҷоя дида бароем, хуб мешуд гӯён ман ин касро ба ин ҷо таклиф кардам» гуфтанд. Дигарҳо низ ҳикояҳои Тошқул Азимзодаро хонда, фикрҳояшонро баён карданд:
- Вақте ки дигар нависандагон низ ҳикояҳоямро хонданд, фикрҳои баёнкардаи Болта Ортиқзодаро инкор карда, фикрҳои умуман дигарро баён карданд. Баъзеашон ҳамон шакли аслиашро маъқул намуданд. Дар ҳамон вақт ман хулоса баровардам, ки адабиётро ҳар кас ба таври худ мефаҳмидааст, муаллиф бояд чӣ хеле, ки модар фарзандашро аз ҳар гуна бало ҷазоҳо эҳтиёт мекунад, ҳамон тавр маҳсули эҷодашро ҳимоя карданаш лозим будааст. – мегӯяд Тошқул Азимзода.
Бо дастхати Болта Ортиқзода ҳикояи «Дандони тилло»-и Тошқул Азимзода дар рӯзномаи («Овози тоҷик») «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шуд. Дар аввал Тошқул Азимзода фикр кард, ки ҳикояааш он қадар хуб набуду аз сабаби Болта Ортиқзода дастхат навишта фиристоданашон онро чоп карданд. Баъдтар боз якчанд ҳикояҳои дигарашро ба рӯзномаҳо фиристод, хушбахтона онҳо низ рӯйи нашрро диданд.
Мардум ӯро бо воситаи ҳикояҳояш мешинохтагӣ шуданд ва соли 1990 Тошқул Азимзодаро барои кор ба рӯзномаи «Овози Самарқанд» даъват карданд. Ӯ бо нависандаи моҳир, шодравон Шавкат Баҳром дар як рӯз ба кор қабул шуд.
- Вақтҳои корро оғоз намуданам ба рӯзнома талаботи мардум хеле калон буд. Рӯзнома дар як ҳафта се маротиба, то 17 – 18 ҳазор нусха мебаромад. Лекин, шароити кор мисли ҳозира хубу осон набуд. Мақола пеш аз нашр аз дасти якчанд нафар коргарони рӯзнома мегузашт, дар охир бошад, муҳаррир хонда, имзо мемонд. Пас аз имзои муҳаррир касе онро ба дигаргун кардан ҳақ надошт. Рӯзномаро тайёр карда, аввал ба гранка ном коғози дароз мебароварданд, боз якчанд маротиба онро мехондему баъд ба шакли рӯзнома чоп мешуд. Ҳоло бошад, ҳамаи имкониятҳо фаровону лекин эҷодкорҳо хеле каманд. – мегӯяд Тошқул Азимзода.
Тошқул Азимзода дар рӯзнома аз лавозими мухбир то ба вазифаи ҷонишини сармуҳаррир фаъолият нишон додааст. Соли 2010 ба нафақа баромад. Соли 2017 бошад, боз ӯро барои кор даъват мекунанд. Ҳоло ӯ дар рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ҳамчун котиби масъул фаъолият нишон медиҳаду маслиҳатгару роҳнишондеҳи шогирдону ҷавонон мебошад. Китоби Тошқул Азимов бо номи «Хатои нисбӣ» якчанд сол пеш аз нашр баромадааст, боз якчанд ҳикояҳои дигараш дар маҷмӯаҳои «Гулдастаи Самарқанд», «Самарқанд ижодкорлари», «Гулистони адаб» ва дар дигар китобҳо рӯйи чопро дидаанд.
Тошқул Азимзода бо ҳамсараш Муҳиба Қулиева дар иҳотаи фарзандон: Мадина, Фирӯза ва Пӯлод Азимовҳову наберагонаш хушбахтона умр ба сар мебарад. Ҳамаи фарзандонаш дар зиндагӣ ба ҷою мавқеи хоси худ соҳибанд ва барои равнақи Ватан ҳиссагузоранд. Тошқул Азимзода аз ҳаёти худ мамнун асту боз дар дил орзуи чизҳои зиёди хонданибобу шавқовар навиштанро дорад.

Малика ҶУМЪАЗОДА


Дата добавления: 02/07/2018 12:45;   Просмотров: 1046
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку