Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Калиди дил куҷост?

Соли 1996. Рӯзҳои аввали кор дар идораи «Овози Самарқанд» ҷонишини сармуҳаррир Хурсанд Ҷумъа маро ба шогирдӣ қабул намуда, маслиҳату супоришҳо медоданд. Ҳамеша таъкид менамуданд, ки пеш аз ҳама калиди дили мусоҳибамро ёбам.

- Агар калиди дили мардумро ёбед, онҳо рози дилашонро ба шумо мегӯянд. Навиштаҳоятон сохтаву бофта намебарояд, балки хонданибобу шавқовар мегардад, - мегуфтанд устод.
Дар арафаи чопи шумораи ҳазорумини «Овози Самарқанд» бо супориши устод Хурсанд Ҷумъа бо шоир ва мутарҷим Акбар Пирӯзӣ (Равонашон шод бод!) сӯҳбат намудам. Навиштаҳоямро Хурсанд Ҷумъа аз назар гузаронида, чаҳорқат карданд ва аз байнаш дарронда, ба қуттии партов андохтанд.
- Шумо бо шоир самимона сӯҳбат накардед, - бо афсӯс сар ҷунбонданд Хурсанд Ҷумъа. – Мусоҳибаро сохтакорона, аз рӯйи зарурат навиштаед. Бори дигар бо Акбар Пирӯзӣ вохӯред!
Сӯҳбати дуюм низ самимӣ набуд. Ман савол медодаму Акбар Пирӯзӣ дар доираи он ҷавоб мегардонданд ва ба ман чашм дӯхта, интизори саволи навбатӣ мешуданд.
Пас аз суханҳои сахту обдори Хурсанд Ҷумъа бори сеюм ба хонаи Акбар Пирӯзӣ роҳ гирифтам. Соҳибхона дарро кушода:
- Ие, боз ту-мӣ? – гуфтанд бо табассум. - Марҳамат, ба хона даро!
Ин дафъа дар рӯйи ҳавлӣ оиди гулу растаниҳо ва парвариши онҳо сӯҳбат намудем. Маълум шуд, ки Акбар Пирӯзӣ корҳои деҳқониро дӯст медоштаанд. Сӯҳбатамон ба қавле «қаймоқ» баст. Бо оҳистагӣ риштаи суханро ба рӯзнома ва рӯзноманигорӣ бурдам. Он кас оиди муваффақият ва муаммоҳои соҳа изҳори ақида намуданд.
Рӯзи дигар Хурсанд Ҷумъа мусоҳибаро бе ҳеҷ таҳрир қабул карданд ва он дар шумораи ҳазорумин рӯйи чопро дид. Баъди ду-се рӯз Акбар Пирӯзӣ дар даст тухми гули наргис ба идора омада, онро ба ман дода гуфтанд:
- Назди журналист ҳар гапро гуфтан мумкин не, мегӯянд, ки рост будааст. Худ бехабар сирри диламро кушода мондем...
Бо фарорасии баҳор дар ҳавлиамон наргис гул мекунад. Сол то сол ниҳолакҳои он меафзояд. Ба онҳо нигариста, мусоҳибаи аввалинамро ба ёд меорам… Панди устод дар давоми 24 соли рӯзноманигорӣ раҳнамои зиндагӣ гардид.

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 03/07/2020 09:56;   Просмотров: 568
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку