Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚиссаҲо аз рӮзгори Мавлоно ҶомӢ

ШЕЪРИ РОСТМАЗМУН

Мегӯянд, шахсе дар назди Мавлоно Ҷомӣ даъвои шеършиносӣ намуда, бо тарзи эътироз ба Мавлоно гуфт:
–Шеърҳои шумо ҳама сар то по дурӯғ аст. Барои шумо муносиб он аст, ки шеърҳои ростмазмун гӯед.
Мавлоно Ҷомӣ гуфт:
–Ин тавр бошад, барои шумо шеъри ростмазмун мегӯям, ки хонда завқ баред ва ин пора шеърро бадоҳатан эҷод кард:
Латта дар об латтатар аст,
Кӯҳи қоф аз нахӯд каттатар аст.
Дар Самарқанд гурба ях нахӯрад,
Дар Бухоро хурӯс мурғи нар аст.

ҚИССАИ ТАЪЛИФИ “БАҲОРИСТОН”

Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ бисёр дер издивоҷ кард. Соҳиби чаҳор фарзанд шуд, аммо мутаассифона, танҳо як тан аз онҳо зинда монд. Фарзанди дувуми Ҷомӣ, ки Сафиюддин Муҳаммад ном дошт, як сол бештар умр надид. Марги Сафиюддин Мавлоно Ҷомиро бисёр андӯҳгин кард ва марсияе сӯзнок барои ӯ суруд, ки нишондиҳандаи руҳи ҳассоси ӯст.
Бингар ин чархи ҷафоойинро,
Ки чӣ сон зеру забар кард мани мискинро.
Рехт сад гавҳарам аз чашм чу аз силки вуҷуд,
Бурд дурру садафи лутф Сафиюддинро.
Мояи шодиам ӯ буд, надонам ба чӣ чиз
Шод созам дигар ин хотири андӯҳгинро.
Ҳангоме, ки фарзанди сеюми Мавлоно Ҷомӣ ба дунё омад, ӯ бори дигар ҳавсала ва нишоти худро бозёфт. Номи ӯро Зиёуддин Юсуф ниҳоданд. Ӯ Зиёуддинро бисёр дӯст медошт. Ҳамеша ӯро дар канори худ менишонд ва барояш қиссаҳои ширин нақл мекард. Зиёуддин ҳам падари пирашро дӯст медошт ва ҳар гоҳ падар фурсат пайдо мекард, Зиёуддин пеши ӯ мерафт, то барояш қисса бигӯяд.
Як рӯз, ки Мавлоно Фахриддин Алӣ ба дидори Мавлоно Ҷомӣ ба боғчаи Нур омад, Зиёуддини хурдакакро дид, ки рӯйи зонуи падар нишастааст ва Ҷомӣ барои ӯ қиссаҳое дар бораи ҳайвонот нақл мекунад:
–Мӯреро диданд, ки ба зӯрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардоштаву мекашад. Ба тааҷҷуб гуфтанд: “Ин мӯрро бубинед, ки ба ин нотавонӣ, боре ба ин гаронӣ чун мекашад?».
Мӯр чун ин бишунид, бихандид ва гуфт: «Мардон борро ба нерӯи ҳиммат мекашанд ва на ба қудрати тан».
Вақте қисса тамом шуд, Зиёуддин гуфт: «Боз ҳам қисса бигӯ».
Мавлоно Ҷомӣ гуфт: «Ҳоло бирав бо бачаҳо бозӣ кун, то ман ду калима бо амакаш сӯҳбат кунам».
Мавлоно Фахриддин, ки дид Зиёуддин ҳамчунон рӯйи пойи падар нишаста, даст дар ҷайби қабояш кард ва чанд чормағз берун овард ва ба кӯдак дод ва гуфт: «Бигиру бирав бозӣ кун».
Зиёуддин чормағзҳоро гирифту хурсандона рафт. Мавлоно Фахриддин гуфт:
–Мебинам, ки сари пирӣ маъракагирӣ мекунед.
Мавлоно Ҷомӣ гуфт:
–Зангӯлаи пойи тобут аст. Дигар чӣ кор кунам? Ҳама нозу нузашро мебардорам.
Ҳар ду хандиданд.
Мавлоно Фахриддин гуфт:
–Чаро ин қиссаҳоро дар китобе ҷамъ намекунед?
Мавлоно Ҷомӣ гуфт:
–Дар банди ин андеша ҳастам.
Пешниҳоди Мавлоно Фахриддин Алӣ сабаб шуд, ки Мавлоно Ҷомӣ китобе барои фарзанди худ таълиф кунад ва номи онро «Баҳористон» бигузорад. «Баҳористон» ҳикоятҳои ширин ва шуниданӣ дорад ва дар муқоиса бо дигар осори Мавлоно Ҷомӣ сода ва оммафаҳм аст.
Дар ин давра аз зиндагии Мавлоно Ҷомӣ, ки бист сол тӯл кашид, ӯ тамоми вақти худро сарфи таълифи китоб кард. Гирдоварии се девони шеър ва таълифи осоре ҳамчун «Нафаҳот-ул-унс» ва «Ҳафт авранг», ҳосили ин давра аз зиндагии ӯст.

МАВЛОНО ҶОМӢ ВА ШОГИРД

Яке аз бузургзодагони Ҳирот фарзандашро барои омӯзиши забони арабӣ ба ҳузури Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ бурд. Ҳазрати Ҷомӣ дарси ӯро аз “Сафи Мир” оғоз карданд. Аввалин дарсро гуфтанду баъд ба шогирд, ки роҳаш аз миёни бозори шаҳр мегузашт, таъкид намуданд, ки дарсро чандин рӯз такрор намояд. Писар рафт ва бо шавқу дилбастагӣ дарсашро хуб такрор кард ва дар ҳофизаи худ ҷой дод. Вақте ба ҳузури устоди худ расид, Мавлоно Ҷомӣ ба ҷойи дарс аз вай пурсиданд:
–Пешаварон ва мардумони бозор ба чӣ кор машғул буданд?
Шогирд ҷавоб дод:
–Ҳазрати устоди бузургвор, ман ба кори мардум ғаразе надоштам, ҳар кас ба шуғли худ банд буд.
Ҳазрати Ҷомӣ гуфтанд:
–Ту ҳанӯз дарсатро хуб наёмӯхтӣ, бирав боз ҳам хуб бихон!
Писарак шитобон рафт ва чунон ба дарс машғул шуд, ки аз он беҳтар имкон надошт. Дар роҳи мадраса бо диққат ба дӯкондорону пешаварон нигарист. Дид, ки ҳар кас ба кори худ машғул буд. Мавлоно Ҷомӣ боз ҳам ба ҷойи дарс аз вай пурсиданд:
–Мардуми бозор ба чӣ кор машғул буданд?
Писарак бо эҳтиром ҷавоб дод:
–Ман бо онон диққат кардам, вале чизи фавқулоддае наёфтам. ҳама ба касбу кори хеш машғул буданд.
Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ ӯро боз пас фиристоданд ва гуфтанд:
–Писарам, боз ҳам бихон ва дарсатро хуб азхуд намо!
Ин дафъа писарак чунон дар омӯзиши дарс ғарқ шуд, ки ба ғайр аз он чизе барояш вуҷуд надошт. Рӯзи дигар дар бозор бо тааҷҷуб дид, ки ҳама дӯкондорон ва пешаварон ва харидорон сабақи ӯро такрор мекунанд. Писарак ҳайратзада ба ҳузури устодаш Мавлоно Ҷомӣ расид ва бо тааҷҷуб гуфт:
–Устоди бузургвор, ман турфа аҷоиботро дар бозор дидам. ҳама дарси маро такрор мекарданд, ҳатто дӯкондорону харидорон ҳам.
Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ пас аз он ба шогирди ҳаяҷонзада гӯш доданд ва фармуданд:
– Ту, писарам, сабақатро хуб ёд гирифтӣ, акнун ман ба ту дарси нав мегӯям.
Ва Мавлоно Ҷомӣ ба тадриси бузургзода пардохтанд.

Таҳияи Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 27/10/2017 16:15;   Просмотров: 1233
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку