Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚИССАЕ ЧАНД АЗ РӮЗГОРИ АЙНИИ БУЗУРГ

Оид ба зиндагии адиби бузурги тоҷику ӯзбек Садриддин Айнӣ дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чизе нахондаам. Эҳтимол, фарзандони Айнӣ, ки ҳама донишмандонанд, ёддоштҳои аҷибе доштагистанд.

Боре дар сӯҳбати пирамарди нуронии самарқандӣ, иштирокчии ҷанги зидди фашизм шодравон Даврон Ҳамроқулов будам. Давронбобо фарзанди Ҳамроқулбеки қӯрбошӣ аст ва падари Хуршедаи Даврондухте, ки дар Маскав Маркази фарҳанги тоҷикро таъсис додааст ва муаллифи тарҷумаи русии романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода мебошад. - Соли 1944 аз фронт бо захми бисёр ва маъюб ба Самарқанд бармегаштам,– гуфт Даврон Ҳамроқулов. - Аз идораҳои давлатӣ кор пурсидам, вазифаи сарагрономи Облпромсовети вилоятро зӯран бор карданд, ба «не, наметавонам, аз хоҷагии қишлоқ хабар надорам» гуфтанам эътибор надоданд. Як ҳафта дар чойхонаи «Навоӣ»-и Регистон нишаста фикр кардам, ки аз ин вазифаи номуносиб чӣ хел халос шавам. Ҳамин вақт аз Маскав телеграмма омад, ки мепурсид: вазъи кишти намудҳои ғалладона чӣ гуна аст? Бо ёрии писари тағоям, ки агроном буд, базӯр ҳисоботро тайёр карда, ба Маскав фиристодам ва ариза дода, аз кор рафтам. Касе маслиҳат дод, ки котиби обком Шароф Рашидов одами нағз, наздашон раву илтимос кун, кор ёфта медиҳад. Либоси хубе надоштам, дар тан куртаи сафеди таҳпӯшӣ ва шими гилифеи зарди аскарӣ ба ёрии ду асобағал ба қабули Шароф Рашидов рафтам. Дар либосовезак шинелашон овезон меистод. Маълум шуд, ки он кас аз ман 2-3 моҳ пештар аз фронт баргаштаанд. Адибон ва муаллимонро аз фронт барвақт ба ақибгоҳ фиристода буданд. Шинели фронтии Рашидовро дидаму шердил шудам ва иҷозат пурсида даромадам. Рашидов хуш қабул кард ва ҳатто аз чойники худ як пиёла чой дода ҳолпурсӣ намуд. Ман ба ӯ фаҳмондам, ки кистам ва барои худ кори муносиб меҷӯям. Рашидов мудири шӯъбаи маъмурӣ Песах ном яҳудиро даъват кард ва гуфт:
— Вазифаҳои озод ҳастанд?
— Ҳаст,– гуфт Песах,– баъди комиҷроия таъин шудани Шароф Холиқов курсии пештарааш холӣ аст.
— Ин тавр бошад, анкета ва аризаи ин касро нависонед, — фармон дод Рашидов. — Дар бюрои назорат ва ҳисоби низоми Наркоми тиҷорат ҳамин хел аз оташи ҷанг гузаштагӣ инсонҳо лозим, то ба хӯрдани ҳақи беваю сағираҳо хотима дода шавад.
Ман боз аз масъулияти азими мансаби нав тарсида, дар анкета ва ариза навиштам, ки писари саркардаи босмачиҳо Ҳамроқулбеки қӯрбошӣ ҳастам, маълумоти ҳатто ибтидоӣ надорам, дар мактаб ҳамаги се сол таҳсили илм кардаам. Шароф Рашидов анкета ва аризаро хонду гуфт:
— Аз он ки барои ватан сина сипар кардед, ҳамин имтиҳон кофист, дигар гапҳо чӣ аҳамият дорад? Ба шӯъбаи тиҷорати шаҳр (горторготдел) равед ва вазифаи навро қабул кунед.
Сардори ин шӯъба маро напазируфт ва назди котиби якуми горком Ҳоҷиматов даровард. Охир иброз дошт, ки маро ба ин вазифа қабул намекунад. Ман боз ба назди Шароф Рашидов рафтам. Шароф Рашидов нақли маро шунида, хеле оташин шуд ва Песахро даъват карда гуфт:
— Ин касро худатон ба горком баред ва гӯед, ки ман фармон додам.
Режими карточкаро асосан бюрое, ки ман сардорӣ мекардам, назорат мекард. Тақсими хӯрокворӣ низ ба зиммаи ҳамин бюро буд. Мо тибқи рӯйхати раисони гузарҳо хӯроквориро ба дӯконҳои хӯрокворӣ тақсим мекардем. Паёкҳои аз Амерака омадаро ба сағирхонаҳо, бемористонҳо медодем. Дар ихтиёри ман 181 мағоза, 6 ОРС, як мағозаи военторг, як гастроном буд. Ман ин ҷо фаҳмидам, ки норма барои ҳар кас ҳар хел муқаррар гардидааст. Барои котиби якуми обком нон дар як рӯз як кило, барои марди бекор 400 грамм муқаррар гардидааст, агар кор кунад – 600 грамм. Барои кӯдакон 300 граммӣ.
Баробари ба ин вазифа таъин шуданам домулло Айнӣ асозанон омада шикоят карданд, ки раиси гузар паёкҳои эшонро хӯрдааст. Ман фаҳмондам, ки раиси гузар паёки шуморо хӯрда наметавонад. Дар сӯҳбат маълум шуд, ки Айнӣ чанд рӯз ба мағоза омада натавонистаанд, бемор будаанд ва тибқи тартибу низоми онвақта, агар ҳамон рӯз паёкро нагиред, он «месӯхт». Нормаи нони устод Айнӣ дар солҳои ҷанг 1 кило муқаррар гардида буд, ба ғайри ин моҳе 14-16 кг гӯшт ва 16 кг орд, равғану тухми мурғ ба рӯйхати паёки Айнӣ навишта шуда буд. Ҳамин тавр Айнӣ аз ду мағозаи хӯрокворӣ ғизо мегирифтанд ва дар ин мағозаҳо чандин бор паёки ин адиби номӣ «сӯхтааст».
Барои ман тааҷҷубовар буд, ки устод Айнӣ ба мудири пешина ва ё худи Шароф Рашидов, ки ӯро хеле эҳтиром мекард, дар ин бобат муроҷиат накардаанд. — Барои чӣ ба ман – писари босмачӣ бовар мекунанд?– фикр мекардам. Ҳол он ки баробари бори аввал ба ҳуҷраи кории ман даромадан аз кадом гузар ва писари кӣ буданамро пурсида буданд.
— Домулло, шумо чаро дар ин бора ба ягон идора шикоят накардед? Охир, бори аввал нест, ки нонатонро шутурча кардаанд,– гуфтам.
— Медонед, ки бисёр мансабдорон аз ҳаромхӯрӣ ҳазар намекунанд, вагарна қоидаи пайёкҳои «сӯхта» ба манфиати кист?– гуфт Айнӣ.
— Ба ман чаро бовар кардед? Ман ҳам мансабдор ва ҳам писари босмачӣ ҳастам! – гуфта хандидам.
— Шумо писари Ҳамроқулбеки қӯрбошӣ ҳастед. Ҳамроқулбек дузду ғоратгаронро бад медид, онҳоро мекушт,– гуфтанд устод Айнӣ.
— Ман ба Шумо ваъда медиҳам, ки қоидаи пайёкҳои сӯхтаро барҳам медиҳам ва нону хӯроквории нагирифтаатонро медиҳем,– гуфтам.
Фармон додам, ки пайёкҳои «сӯхта»-и Айнӣ ба эшон дода шавад. Устод Айнӣ хурсанд шуда миннатдорӣ изҳор карданд. Ман адиби бузургро то беруни дар гусел кардам. Он ҷо харашон ба дарахте аз ҷилаваш бастагӣ буд.
Баъди барҳам додани қоидаи паёкҳои сӯхта онҳое, ки аз ин даричаи ҳаромхӯрӣ манфиат бурда буданд, хеле кӯшиданд, ки маро аз ин вазифа барканор кунанд, аммо ба сабаби он, ки худи Рашидов маро ба ин вазифа таъин карда буд, ба мақсад расида наметавонистанд. Ман дар ин вазифа то моҳи январи соли 1948, яъне то вақти барҳам хӯрдани низоми карточка кор кардам,– гуфт Даврон Ҳамроқулов.
Қиссаи даромадани дузде ба ҳавлии дар Самарқанд будаи устод Айниро Мирзо Турсунзода ба собиқ мудири Ҳавлӣ -музейи Айнӣ дар Самарқанд Абдукарим Ғанизода нақл карда будаанд. Он воқеаро худи устод Айнӣ ба Турсунзода гуфтаанд. Нисфи шаб будааст, дузде ба ҳавлии устод Айнӣ бо мақсади ғорат медарояд, аммо дар торикӣ сатили холии рӯи ҳавлӣ истодаро намебинад ва пояш ба сатил бархӯрда, бо овози он устод Айнӣ бедор мешаванд. Устод Айнӣ бо нидои «дузда доред!» аз паси дузд метозанд, дузд ба ҷониби девор метозад, вале дар таги девор ба дасти устод Айнӣ меафтад. Устод Айнӣ ӯро бо дастонашон сахт дар оғӯш гирифта, чанд кундазону задаанд. Дузд, ки ҷавонмарди нерӯманде будааст, дар талвосаи халос шудан бо оринҷ ба бинии устод Айнӣ мезанад. Ва хун фавворазанон ба куртаву эзори сафеди таҳпӯшии устод равона мешавад. Аз ин ҳол устод Айнӣ асабонӣ шуда, дуздро раҳо мекунанд.
Қиссаи дигар ин ки аз ягон хоҷагӣ ё ягон корхона ба устод Айнӣ ба нишони эҳтиром баъзан тӯҳфае мефиристоданд. Як бор аз Панҷакент як мошин ангишт ва бори дигар кадом колхозе ду сабад ангур фиристодааст. Устод Айнӣ дар мактубҳое, ки фиристонандагон миқдори ин чизҳоро нишон додаанд, хонда, бо тарозуи худ баркашида санҷидаанд, ки аз нишондод хеле кам. Устод Айнӣ ҳар ду тӯҳфаро баргардонда фиристодаанд.
— Ҳоло он тарозуи палладори таърихӣ дар Ҳавлӣ - музей маҳфуз аст,– гуфт собиқ мудири ҳавлӣ - музейи устод Абдукарим Ғанизода.
Ин фактҳо ҷолиби диққатанд, зеро муносибати адиби бузургро нисбати дуздону ҳаромхӯрон муайян мекунанд.
Мақсад аз ин навиштаҳо он аст, ки ёддоштҳоро оиди зиндагии устод Айнӣ гирдоварӣ карда ба муосирон пешниҳод кардан дар тарбияи ахлоқии мардум хеле зарур аст.

Адаш ИСТАД


Последнее редактирование: 13/04/2018 16:25;   Просмотров: 1148
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку