Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГУЛДАСТАИ ҶАВОНӢ

Баҳорон шодмонӣ мекунам ман,
Чу гул ёд аз ҷавонӣ мекунам ман.
Ба рӯйи сабзаҳо хуфтан, давидан,
Зи ишқе комронӣ мекунам ман.
Гули наврӯзу садбарг ишқ варзанд,
Ба шавқе посбонӣ мекунам ман.
Ба боғи васл бо дилдодадухтар,
Талоши зиндагонӣ мекунам ман.
Бувад фасли баҳори навҷавонӣ,
Ба ёрам меҳрубонӣ мекунам ман.
Ба дилбар тӯҳфа бинмоям диламро,
Ба пояш гулфишонӣ мекунам ман.
* * *
Дар ин пайроҳаи пурпечу гулпӯш,
Нигоҳи худ аз ӯ боре накандам.
Аҷаб бо меҳри хосе ошно кард,
Варо дар кӯдакӣ додои пирам.
* * *
Шом гашту яке хоб яке бедор аст,
Сақфи само зи ахтарон пурбор аст.
Хушбахт касе, ки дар лаби сой бошад,
Лаб бар лаби шаҳду даст ба дасти ёр аст.

Абдураҳим САИДБЕКОВ

ОЯНДАИ МОДАР – ВАТАН

Шаҳрӯзаки рӯзгори ман,
Умеду ифтихори ман.
Ту гули навбаҳори ман,
Бо туст сурх рухсори ман.
Ту бар манӣ қуввати тан,
Кӯзаи зар, тиллову ганҷ.
Ояндаи модар-Ватан,
Бихон аъло, баҳоят “панҷ”!

Малика МАҶИДОВА, омӯзгори собиқадор


Дата добавления: 09/06/2017 14:56;   Просмотров: 1371
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку