Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГУЛБОҒИ СУХАН

Китоби нав

Чанде пеш боз як китоби шоир Нормурод Каримзода бо номи “Гулбоғи сухан” тавассути нашриёти “Лоиқи Озод” ба теъдоди 200 нусха рӯи чопро дид. “Гулбоғи сухан” агарчӣ ҳаҷман хурд аст, аз ҷиҳати маънӣ бори китобҳои калонҳаҷми пешинаро мекашад.
Рубоиву дубайтӣ ва суханрезаву катибаҳои орифона, ки аз он чанд намуна дар ин китоб гирд омадааст, ҳосили фикри бикру балеғи шоири меҳрангез аст.
Вақте кас ба “Гулбоғи сухан”-и устод сайр мекунад, имон меоварад, ки:
Аз одами гулдаст чаман мемонад,
Аз шоири дилзинда сухан мемонад.
Боварӣ ҳаст, ки пас аз мутолиаи китобаки мазкур он ҳамроҳи доимӣ ва дафтари рўимизии хонандаи худ мегардад. Марҳабо ба суханистони устод Нормурод Каримзода!


Дата добавления: 22/10/2022 09:11;   Просмотров: 281
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку