Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЭЙ СЕБАКИ СУРХ

Таҳияи Н. МЕҲРАНГЕЗ

Эй себи самарқандӣ, ба бӯят мастам.
Аҳде, ки ту кардаӣ, ба аҳдат ҳастам.
Қавле, ки ту додаӣ, пушаймон нашавӣ,
Бадаҳдӣ кунам, камоли Ҳақ дар дастам.

Эй себи самарқандӣ, сарат пайдо нест,
Эй лаъли бадахшонӣ, дилат бо мо нест.
Ханҷар задаӣ рост миёни ҷигарам,
Хун мераваду ҷароҳатам пайдо нест.

Себе, ки ту додаӣ, тамомаш хол аст,
Якрӯза ҷудоӣ бар сарам сад сол аст.
Савганд бихӯрам, биллаҳ ту бовар накунӣ,
Ин чеҳраи зарди ман гувоҳи ҳол аст.

Ин себаки наққошира об овардаст,
Бӯи гули санҷида шамол овардаст.
Бӯи гули санҷид аст ё бӯи баҳор,
Моро ба мусофирӣ Худо овардаст.

Эй себаки сурх, мабталои ту шудам,
Ханҷар ба камар баста, ғуломи ту шудам.
Чил париро дидаму ошиқ нашудам,
Туро дидаму маҷнуну девона шудам.

Ту себи ману соя ба боғи дигарон,
Ту шамъи ману нури чароғи дигарон.
Ғамгин манаму ту ғамбарори дигарон,
Бадном манаму ту дар канори дигарон.

Духтар-духтаре, нозанин омадаӣ,
Себе ба даруни остин омадаӣ!
Себе ба даруни остинат чӣ кунам?
Ҳайфи қадамат, гул ба замин омадаӣ.


Дата добавления: 18/08/2017 12:19;   Просмотров: 1291
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку