Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЭЪТИРОФИ БОНУВОН

* Дар Қуръон сурае ба номи мардҳо нест, вале сураи Занҳо (Нисо) ҳаст.
* Дар фанни шеъру балоғат мардҳо ба шеру паланг ташбеҳ мешаванд, аммо духтарон гоҳо ба моҳу гоҳо ба гул.

* Чун аз мақоми Фотима пурсиданд, Падари бузургвораш (салаллоҳу алайҳи васаллам) гуфт:
"Порае аз вуҷудам аст, ҳарчи ӯро нороҳат кунад, маро низ нороҳат мекунад."
* Мард агар сад хона ҳам харад ё созад, касе намегӯяд хонадор шуда аст. Аммо чун духтареро ба занӣ гирад, ҳатто дар хонаи иҷора ҳам бошад мегӯянд, хонадор шуда аст.
* Мардон бояд эътироф кунем, ки хонаву молу қаср бидуни ӯ дар ҳукми адам аст).
* Зане паёмбар нашуда аст.
Сабабашро мегӯянд, ки ӯ заиф асту таҳаммули сахтиҳор надорад. Саҳеҳ аст. Аммо шояд Аллоҳ нахоста, ки ӯ чун паёмбарон аз мардум тӯҳматҳо шунида озурдахотир шавад.
* Марям паёмбар набуд, аммо паёмбар Закариё (ъ) дар хидмати ӯ буд.
* Бале, занон паёмбар нашуданд, вале паёмбарон бо бӯйи онҳо, дар оғӯши гарми онҳо ба воя расиданд.
* Агар Юсуф (ъ) хоҳар медошт, намегузошт бародаронаш ӯро дар чоҳи биёбон андозанд, балки дар чоҳи қалбаш ӯро пинҳон мекард.
* Бародарон барои ӯ чоҳи саҳроӣ хостанд, вале агар хоҳар медошт, барояш чоҳи подшоҳӣ мехост.
* Агар Юсуф (ъ) хоҳарбузург медошт, чун хоҳарбузурги Мӯсо (ъ) ба ҷустуҷӯяш мерафт ва ӯро ёфта назди падар меовард.
* Гӯянд, имом Аҳмади Ҳанбаро чун аз духтар ёфтани нафаре аз ёронаш хабар мерасид, мегуфт, барояш гӯед, ки паёмбарон духтардор буданд.
* Агар духтар неъмати бузург набуд, Худованд ӯро пеш аз писар зикр намекард.
* Дар сураи Шуро фармуд: "Ҳар киро хоҳад духтар медиҳад ва ҳаркиро хоҳад писар медиҳад."
* Мардҳо наранҷанд. Бале, шумо ҳам беҳтаринед, вале дар ин сурат, ки бо хонумон муомилаи хуб дошта бошед.
* Ин сухани мо не, ин ҳадис аст:
* "Беҳатрини шумо касоне ҳастанд, ки бо ҳамсаронашон хушмуомила бошанд."

Таҳияи ДИЛРАБО


Последнее редактирование: 19/08/2020 10:47;   Просмотров: 542
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку