Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАРСИ ҲАЁТ

Муаллифи мӯҳтарам Баҳром Истамқулов аслан донишманди соҳаи иқтисод аст. Айёми нафақахӯрӣ устодро ба дараҷаи соҳибқалами касбӣ расонид.

Аниқтараш, Баҳром Истамқулов аз соли 2004 инҷониб дар матбуот ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва русӣ оиди ахлоқ ва маънавияти муосирон, иқтисодиёт мақолаҳо ва ҳикояҳо менависад. Соли 2017 нашриёти "Янги аср" маҷмӯаи мақолаву ҳаҷвияҳои ӯро таҳти унвони "Бо дуои модар" чоп карда буд. Аз ин баъд муаллиф дар мавзӯи ахлоқ боз ҳикояҳои зиёд навишт.
Маҷмӯае, ки ҳоло дар даст доред, на танҳо ҳикояҳои нав, балки бахши асосии ҳикояҳои пешини ӯро дар бар гирифта, муаллиф баъзеи онҳоро такмил додааст.
Ҳикояҳо ва ёддоштҳо дар тарбияи ахлоқии хурду калон хизмат мекунанд.
Китоби "Дарси ҳаёт" тавассути нашриёти "Noshirlik yogdusi" зери назари муҳаррирон, устодони сухан Адаш Истад ва Асадулло Шукуров ба чоп расидааст.
Баҳром Истамқуловро бо нашри китоби дуввум муборакбод гуфта, намунаеро аз навиштаҳои ӯ пешкаши хонандагон мегардонем.

О.ХИЗРӢ


Последнее редактирование: 25/01/2019 15:14;   Просмотров: 872
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку