Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАРДИ ЁРЕ МЕКАШАМ

Ҳазрат Ҳамроқулов фарзанди арҷманди Самарқанд, зодаву парвардаи Шаҳнондараи хушманзара – Оҳалики имрӯза аст. Солҳост, ки бо таронаҳои дилпазир тӯю сури мардумро обод мекунад, ғазалу рубоӣ, дубайтиву фардҳои обдор менависад. Намунаҳои машқҳояш дар рӯзномаҳои “Овози Самарқанд”, “Субҳи Гулобод”, китоби “Таронаҳои Самарқанд” чоп шудаанд. Имрӯзҳо 70-умин солгарди умри хешро дар ҳалқаи ёру дӯст, аҳли оилаву маҳалла шоду хуррам пешвоз мегирад.
Таҳририят муаллифи доимӣ ва хайрхоҳи рӯзномаро самимона табрик намуда, ин ғазалҳои тозаэҷодашро манзури шумо мегардонад:

ДАРДИ ЁРЕ МЕКАШАМ

Нав ба нав ҳар рӯз, ёрон, дарди ёре мекашам,
Дар дилам сад доғи ишқи он нигоре мекашам.
Ғунчаи нашкуфта он лабҳои майгунаш ҳанӯз,
Ҳар даме ҳиҷрони он зору нигоре мекашам.
Гар ҷафон мекашам аз баҳри ишқ, айбам макун,
Солҳо аз баҳри он як дилфигоре мекашам.
Дарди қалбам шуд фаровон дар раҳи озори ту,
Эй дило, бингар, азоби корзоре мекашам.
Ҳаҷри ту ҳар дам маро бар доми андӯҳ мекашад,
Гарчи ҳар як лаҳза худро дар каноре мекашам.
Ҳазрато, ҳаргиз машав ғамгин зи изтиғнои ёр,
Дарди вазнин бар умеди гулъузоре мекашам.

СӮҲБАТИ БЕОР ТАЛХ

Эй азизон, назди доно сӯҳбати беор талх,
Улфати нобоб ҳам аз баҳри мо бисёр талх.
Тӯтии гӯё машав дар сӯҳбати мардони дун,
Нутқи бемаъно, худоё чун даҳони мор талх.
Ҳар киро набвад агар ҳамсӯҳбати хубу латиф,
Дар мақомаш зиндагӣ чун шарбати кӯкнор талх.
Назди ҳар нокас магӯ ту ҳарфи дил, эй ошно,
Мерасад бар гӯши фозил гуфтани бисёр талх.
Гар яке сармаст шуд дар маҷлиси аҳли адаб,
Ҳарзаи масти ҷунун бо мардуми ҳушёр талх.
Ҳазрато, гар соқии гулчеҳраам орад сабӯ,
Пеши ошиқ дон, ки умре ҷилваи ағёр талх.

ЭЙ ДӮСТ, ҚАДРИ ЯКДИГАР БИДОНЕМ

Дарё равонасту дарё равон аст,
Мо пир гаштем, дунё ҷавон аст.
Эй дӯст, қадри якдигар бидонем,
Фардо надонем куҷо макон аст.
Бо айшу тараб мағрур нагардем,
Дар корвонсаро ҳама меҳмон аст.
Мағрур нагардед аз моли дунё,
Тӯҳфа зи дунё кафан нишон аст.
Хуш бош Ҳазрат, аз баҳри худо
Бар доми аҷал ҳама яксон аст.

Ҳазрат ҲАМРОҚУЛОВ


Дата добавления: 07/07/2017 16:30;   Просмотров: 1335
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку