Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР ҶЕВОНИ КИТОБ ЛАБИ ПИР БО ПАНД НАКӮТАР АСТ!

Дар нашриёти "Тӯрон иқбол" китоби адиб ва публитсисти маъруф устод Нусрат Раҳмат "Насиҳат ба фарзанд" чоп шуд. Бо ҳамин муносибат мо бо шоири ширинкалому зуллисонайн Нормурод Каримзода барои табрик гуфтан ба хонаи ӯ ташриф фармудем. Суҳбат дар атрофи як пиёла чой ба қавле қаймоқ баст.

- Шояд шумо медонед ки дар адабиёти классикии форсу-тоҷик навиштани насиҳатнома ба анъана табдил ёфта, камина низ дар асоси ҳаёти худ насиҳат ба фарзанд иншо намудам, -иброз дошт устод Нусрат Раҳмат, - асари камина аз якчанд боб иборат буда, аз ҳаёти худ гирифта шудааст. Умед дорам ки он ба волидайн, муаллимон ва пирони хирадманд писанд хоҳад омад.

Воқеан, устод Нусрат Раҳмат муаллифи зиёда аз 20 асарҳои гуногун буда, романи охирини ӯ "Ҷадид" мебошад ки ба зиндагиномаи маърифатпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бахшида шудааст.

Боиси ифтихор аст ки китоби мазкур ба забони тоҷикӣ навишта шуда, аз панду андарзҳои бузургон фаровон истифода шудаанд.

Мо ҳамдиёри худро бо асари тозанашр табрик гуфта, парвозҳои нави эҷодӣ таманно дорем.

Пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан,

Неки бикунинд, таҷриба бо худ набаранд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Дар акс: устод Нусрат Раҳмат бо Нормурод Каримзода ва муаллифи ин сатрҳо.


Дата добавления: 16/09/2020 12:01;   Просмотров: 739
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку