Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР ВАСФИ САМАРҚАНД

МЕҲМОН

Валлоҳ, ҳама шоҳу дариҳо инҷост,
Хубони ҷаҳон, ҳуру париҳо инҷост.
Моро ту магӯ, шумо зи Кеш омадаед,
Кошонаи маъшуқи дили мо инҷост.
Эй Юсуфи дилдода, чаро дар чоҳӣ?
Аз чоҳ бурун шав, ки Зулайхо инҷост.
Вомиқ, зи висоли ёр махмур шудӣ,
Зуд ой ба майхона, ки Узро инҷост.
Ҳар ҷо манигар, ки Ҳақ ба инҷо нигарад,
Ду дидаи дилдодаи шайдо инҷост.
То кай бишавӣ ошиқи гулҳои чаман?
Бингар, ки Гуландому Гулоро инҷост.
Аз комилаву оқилаву шоираҳо,
Маҳбубаю Дилшоду Парисо инҷост.
Имрӯз ту Маҷнун, сари худ боло кун,
Маъшуқаи зебои ту – Лайло инҷост.
Меою ба якбор бубин, эй Ҳофиз,
Он хол, ки гуфтаӣ, муҳайё инҷост.
Эй чашма, чаро ту мекунӣ ноз зиёд?
Биштоб, ки он гавҳари якто инҷост.
Уқбо чу бихоҳӣ, шаҳди уқбо инҷост,
Дунё чу бихоҳӣ, маҳди дунё инҷост.
Меҳмон, ту ба дарвозаи Шарқ омадаӣ,
Боз ой дарун, нақши муҷалло инҷост.


Дата добавления: 21/04/2017 12:03;   Просмотров: 1374
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку