Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЧИЛ СОЛ ПЕШ АЗ ИН...

Дар базми таҷлили 40-солагии хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд

Бо Амриддину Ваҳҳоб, Абдунабиву Хурсанд,
Фирӯзаву Ҳалима, Зебуннисову Гулнор.

Соҷидабону Маҳбуб, Абдураҳиму Собит,
Мӯъмину Тӯхтабону, Бибисафия, Ҷаббор.

Илҳому Марям, Олим, Султоналиву Фарҳод,
Давлат, Муборак, Оча, Асал, Ҳабиби Неъмат.

Рӯзиқул, Ҳасан Файзӣ, Сайфуллаҳи Шукурзод,
Паймони шеър, яъне Тӯхтамиш ибни Давлат.

Будем сӣ нафар мо, чил сол пеш аз ин,
Ёрони якдигар мо, чил сол пеш аз ин.

Аз кору бори олам, аз гиру дори олам,
Озоду бехабар мо, чил сол пеш аз ин.

Шогирдҳои навхез аз Мактаби Самарқанд,
Хушбору хушасар мо, чил сол пеш аз ин.

Дар даст ҳуҷҷати кор, диплом роҳхати кор,
Навроҳу навсафар мо, чил сол пеш аз ин.

Розӣ зи Аслиддинов, қонеъ аз Қосимов,
Гӯӣ чу аз падар мо, чил сол пеш аз ин.

Аз Лӯъбати Назар, аз Сабоҳати Умар хуш,
Чун духтару писар мо, чил сол пеш аз ин.

Аз пури Насриддину аз ибни Мирсафо шод,
Аз ҷону аз ҷигар мо, чил сол пеш аз ин.

Аз духти Миркамолу аз бинти Истам оин.
Ҳамчун зи мушки тар мо, чил сол пеш аз ин.

Аз Мӯъмин ибни Фаттоҳ ҳам аз Салим Кенҷа,
Хушкому баҳравар мо, чил сол пеш аз ин.

Аз ҳар ду Воҳидов, аз Иброҳимзода мамнун,
Ҳам низ аз дигар мо, чил сол пеш аз ин.

Алқисса, ҷумла шодон, Паймон зи устодон,
Будем сӣ нафар мо, чил сол пеш аз ин.
* * *
Ҳастем бештар мо, чил сол баъд аз он,
Ё кам зи пештар мо, чил сол баъд аз он?

Ин байти хубу дилкаш, ҳаст аз қасидае, к-аш,
Гуфтем мухтасар мо, чил сол баъд аз он.

ПАЙМОН, шаҳри Тошканд


Последнее редактирование: 13/09/2017 15:56;   Просмотров: 1348
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку