Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БА “СУБҲИ ГУЛОБОД”

Абдукарим ҒАНИЗОДА

Аё “Субҳи Гулобод”-и Самарқанд,
Туӣ рӯзномаи мулки шарафманд.
Туро ман аз дилу ҷон дӯст дорам,
Ҳамеша дар раҳи ту интизорам.
Азизу мӯътабар чун зодгоҳам,
Туӣ рӯзона шамсу шаб чу моҳам.
Шабу рӯз менамоям фикру ёдат,
Зи ҳар як сафҳаат гирам ҳаловат.
Туӣ дилпораи мулки азизам,
Ба васфат боз шеъри нав нависам.
Ба шаст имрӯз синни ту расидаст,
Равон ҳастӣ ба сӯи сад ту бо шаст.
Муборак ҷашни фирӯзи ту бодо,
Бимон ҳамроҳи мо то ҳаст дунё.


Дата добавления: 28/06/2017 15:25;   Просмотров: 1328
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку