Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲАМЧУ БУЛБУЛ ДАР ГУЛИСТОН

Январ Шукрии Самарқандӣ аз зумраи абармардони илму маърифати даврони мост. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар кишвари Тоҷикистони бародарӣ ҳамчун олими физик, педагог ва тарғибгари арзишҳои миллӣ, дӯстии халқҳо фаъолият нишон дода, алҳол айёми хушбахтонаи пириро ба сар мебарад. Соатҳои холиашро сарфи мутолиа, эҷоди бадеӣ, сӯҳбатҳои фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон менамояд.
Чанде пеш устод як даста шеърҳояшро ба ихтиёри таҳририяти мо вогузошта, хоксорона хоҳиш намуд, ки аз тариқи рӯзнома бо ҳамдиёронаш мулоқот орояд. Инак, чанд намуна чакидаҳои хомаи Январ Шакурии Самарқандӣ манзури Шумо, муштариёни арҷманд мегардад.
Идораи рӯзнома

Намунаи ашъор
Зиндагӣ ҳар дам дило, сад гирудорат мекунад,
Ҳамчу булбул бар гулистон интизорат мекунад.
Зери гардун ҳар касе бо мақсаде омад, вале,
Даҳри дун дар ҳалли мақсад беқарорат мекунад.
Бо сабукдӯшон макун зинҳор ёрӣ, ошно,
Ин тариқ мардум ба охир хору зорат мекунад.
Зери ин чархи куҳан асло макан гӯре ба мӯр,
Оқибат ин ҷаҳли беҷо пасту хорат мекунад.
Қадри худ бишносу ҳеҷ аз ҳадди хеш боло мапар,
Оқибат ин худситоӣ зери ғорат мекунад.
***
Чу некӣ бикардӣ, мазан лофи он,
Ба кас то ки бораш наояд гарон.
Бикун некӣ пеша, ту ҷони падар,
Ки беҳ бошад ӯ аз ҳама симу зар!
Хирадро агар пеша кардӣ, бидон,
Ба даргоҳи мақсуд расидӣ амон!
Агар розӣ бошӣ зи виҷдони хеш,
Зи боғи ҳаётат ту гул чинӣ беш!
Бидон ин, ки некӣ ба ҳар ду ҷаҳон,
Накӯӣ бубахшад туро ҳар замон!
***
Чу якто бувад бар ту модар, падар,
Фаромӯш набояд кунӣ, эй писар.
Ба нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз модар ба ранҷ,
Ба батнаш ҳама ҷой дода чу ганҷ.
Бо он ки ҷанинат ба воя расид,
Ба меҳру муҳаббат ҳаме парварид.
Ҳамон ранҷи зоиш, ки модар кашид,
Ба мизон чӣ сон метавон баркашид?

Январ Шукрии САМАРҚАНДӢ


Последнее редактирование: 05/07/2018 12:26;   Просмотров: 1083
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку