Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЛВИДОЪ, ТОҶВИРУС! - 5

Достон

БА САРВАРОНИ ИДОРАҲОИ ДАВЛАТИВУ ҶАМЪИЯТӢ, МУТАСАДДИЁНИ ТАЪМИНОТ, НАЗОРАТ ВА БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ

УМУМИҶТИМОИИ МАРДУМ
Агар мову шумо ҳамдам набошем,
Агар як лаҳза ҷӯр бо ҳам набошем.
Ҳаёт аз назму тартиб мебарояд,
Нишот аз рӯи олам мерабояд.
Пушаймонӣ надорад суд ҳаргиз,
Наояд даври бас масъуд ҳаргиз.
Амалдорони ин даврон шумоед,
Сарони пуштибон, пурдон шумоед.
Шуморо дӯст медорад раият,
Чу тимсоли салоҳият, ҳамият.
Шумо соҳибмақоми ин ҷаҳонед,
Шумо фарзонагони ин замонед.
Мудом бо дарди мардум банд бошед,
Ба ташвишҳои он пайванд бошед.
Наед орому беғам дар бари халқ,
Чу довар ҳамсадои бовари халқ.
Шумо ҳушёру бас огаҳ шабу рӯз,
Ба монанди чароғ равшан, худафрӯз.
Ба мардум мерасонед, ҳар чи хоҳад,
Ки ин тадбир надорад ҳадду сарҳад.
Ба осоиш ҷавобгар, раҳнамоед,
Ба чандин дарди ин дунё давоед.
Шумо ҳастеду олам дар ривоҷ аст,
Шукуфтанҳои давлат аз хироҷ аст.
Аё, соҳибсарони чораандеш,
Ҳазорон нақшаҳои кор дар пеш.
Талабҳои муҳим бисёр, бисёр,
Ва ҳалли ҳар талаб душвор, душвор.
Ватан андар ватан бошад маҳалла,
Фузун аз ҷону тан бошад маҳалла.
Раис огоҳ бувад аз кӯю манзил,
Хабардор аст аз оила, аз дил.
Кашад бори ниёзи ҷумла бар дӯш,
Гирад бо меҳр ёронро ба оғӯш.
Барад дилҳои ҳар як пиру барно,
Бинад дар ҳар диле дунёи эҳё.
Ба корафтода гардад пуштибоне,
Мададгоре, мадоре, ҳолдоне.
Диҳед доди ҳунар дар кордонӣ,
Ки мардум зинда бод бо комронӣ.
Ба сӯгу сур зи ҷон дамсоз бошед,
Ба ҳар ҳамдеҳа низ ҳамроз бошед.
Халоиқ аз шумо розист, розист,
Дуо аз ҷону дил гӯянд беист.
Фақат баъзе касон гӯё, ки кӯранд,
Барои халқашон низ ғам нахӯранд.
Намебинанд рӯйдоди ҷаҳонро,
Намефаҳманд гӯё раҳбаронро.
Сухан гӯянд бебаркаш лачу фаҳш,
Ки монад бар хасу хошоки берахш.
Забони сурх диҳад бар бод сарро,
Бисӯзонад чу оташ хушку тарро.
Надорад ин қабил одам ҳаёе,
Биҷӯяд чирк аз аҳли сафое.
Дилаш чун деги оташдон сиёҳ аст,
Ба ин рафтору гуфтораш гувоҳ аст.
Ба ҷуз нафъе барои худ накӯшад,
Либоси хайрандешон напӯшад.
Ҷадал дорад ба кӯи худпарастӣ,
Намегардад ба роҳе ғайри пастӣ.
Зи чашмонаш шарори кина борад,
Зи гуфтораш ғубори гила борад.
Таманнояш пур аз ҳирсу ниёз аст,
Таваллояш лаболаб аз гудоз аст.
Наметарсанд аз қаҳри Худо ҳам,
Намеарзанд бар як ҷонфидо ҳам.
Надоранд ошноӣ бо худоҷӯ,
Бупаймоянд роҳ бар сӯи бадхӯ.
Чаро бар ҷамъият доман фишонанд?
Чаро аз нобасомонӣ намонанд?
Фақат хӯранду хобанд, эҳ афсӯс,
Зи хӯру хоби бесуд рафт номус.
Чӣ суд аз умри бемаъно ба мардум?
Чӣ ҳоҷат ҷавфурӯшеро ба гандум?
Наояд савти булбул дар зимистон,
Наёбам шамси ховарро шабистон.
Бигӯ хоби бадат бар оби ҷӯбор,
Бирав ҷое, ки дар хизмат ту даркор.
Ба раҳбар ёваре ғамхор мебош,
Башарпарвар, далеррафтор мебош.
Ба худ ранҷи дигарҳоро раво бин,
Нишоту айши хосе носазо бин.
Макун номардиҳо бо сахтдастӣ,
Ки дилтангӣ барад то худпарастӣ.
"Касе к-ӯ бо ту некӣ кард як бор,
Ҳамеша он накӯӣ ёд медор"
(Аз Носири Хусрав)
Хирадро тоҷи сар бинмо ҳамеша,
Ниҳол ҳосил диҳад бо саҳми реша.
"Суханчинро мадеҳ наздики худ ҷой,
Ки дар як дам кунад сад фитна барпой!"
Мадеҳ худро ба ғам, то ҷон накоҳад,
Ҷавондил монад он, к-ӯ шод бошад.
Намезебад қасам хӯрдан ба мардон,
Касе, к-ӯ ҳарфи бурро гуфт, мард он.
Само бо моҳу ахтар дилкушо аст,
Фалак бо офтоб зарҳалнамо аст.
Ватан бо сарварон ободу хуррам,
Башар дар ҷабҳаи меҳнат мукаррам.
"Ба сабр аз корҳо берун равад банд,
Шавад най шаккару шаккар шавад қанд"
(Аз Ҳилолӣ)
Забон аз ғайбати кас пок дорӣ,
Миёни халқ охир ном барорӣ.
"Туро бар хайли хубон сарварӣ дод,
Ба лутф аз оби ҳайвон бартарӣ дод" (ҶОМӢ)
Барои халқи худ ҷонам фидо бод,
Фидоӣ бар ватан қарзи худодод.
Бигуфтам гар ду-се ҳарфи диламро,
Бурун кардам даме доғи ситамро.
"Зи ман шеъри тарам мерос монад,
Зи ман дар кӯи шеър ихлос монад".
(Аз ОГАҲӢ)
Равад то синаҳои аҳли кишвар,
Кунад рӯҳу равонашро мунаввар.
"Касе, к-ӯ дар дуо орад маро ёд,
Ҳама вақте нигаҳдораш Худо бод!" (Аз АТТОР)

Нормурод КАРИМЗОДА

Апрел-майи соли 2020


Дата добавления: 23/06/2020 14:55;   Просмотров: 624
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку