Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЛВИДОЪ, ТОҶВИРУС! - 4

Достон

БА ФИДОИЁНИ СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Агар ҳар кас бувад ҳаққу ҳуқуқдон,
Ба ӯ аз таҳти дил бодо шараф-шон!
Ҳуқуқ равшангари аъмол бошад,
Ҳуқуқ наззора бар аҳвол бошад.
Чу инсон дасти ҳурмат деҳ ба қонун,
Макун коре, ки аз вай дил шавад хун.
Худатро дор дар меъёри ҳурмат,
Ки дар ҳурмат муҷассам ранҷу заҳмат.
На ҳар кас шӯҳраи офоқ бошад,
Ба хубрӯён ҳама муштоқ бошад.
Тасанно бар фидокорони ин роҳ,
Аз ин роҳ бигзарад дарвеш ҳам шоҳ.
Итоат кардан аз одоби мардист,
Ба қонун беписандӣ носипосист.
Ҷиноят мебарад бар кӯи пастӣ,
Ҷинояткорӣ гар, ноодам астӣ.
Шумо, эй ҷоннисори мулки озод,
Ливобардори ҳифзи халқи обод.
Барои тинҷии мо сарпаноҳед,
Ба ҳифзи мо сипар аз субҳгоҳед.
Намемонед, ки бошем бесаранҷом,
Камар бандед барои шоми ором.
Нахобед, то бихобем бофароғат,
Ҳузур ёбем дар оғӯши саодат.
Шумо аз баҳри мо шабзиндадоред,
Ва ғамхори ҳаёти барқароред.
Талаб монед ба мардум: эй бародар,
Ҷиноятро ҷазо бошад муқаррар!
Мапӯш аз хулқи беҷо чашми сарро,
Маяфшон доманат бар дуздӣ асло.
Фиреб аз дин барорад аҳли динро,
Гунаҳ шарманда созад муслиминро.
Намебахшад дуруғгӯро халоиқ,
Адоват нораво бар халқу холиқ.
Чунин ҳарфи ҳидоят дилнавоз аст,
Чунин даъват мусаллам, корсоз аст.
Касеро гар бувад майли муроот,
Яқин гардад сазовори мукофот.

РУҶӮЪИ ЛИРИКӢ
Меравам, ёр паноҳат ба Худо!
Меравам зор, паноҳат ба Худо!
Мебарам номаи меҳри ту ба ёд,
Ҳамчу тӯмор, паноҳат ба Худо!
Пок кун чашми тари худ, ки гузашт,
Кор аз кор, паноҳат ба Худо!
Оҳ, ҳуш дор, ки ҳеҷ аст ҷаҳон,
Бош ҳушёр, паноҳат ба Худо!
Кош, дар пои ту хоре нахалад,
Нашавӣ хор, паноҳат ба Худо!
Ба дуо сӯи само аз паси ман,
Даст бардор, паноҳат ба Худо!
Нағз дидан натавонам дигаре,
Дӯстам дор, паноҳат ба Худо!
Ҳар кӣ будем-набудем ба ҳам,
Ёр, ёд ор, паноҳат ба Худо! (Аз Раҳмат НАЗРӢ)

БА ОНҲОЕ, КИ ДАР ПАНДЕМИЯИ ТОҶВИРУС COVID-19 ҶОН БА ҶОНОФАРИН СУПУРДАНД
Ҷаҳон, эй воҳ, шуд мотамсарое,
Чаро аз ғам наёбад дил раҳоӣ?
Башар саргашта дар майдони "ҷанг" аст,
Вабо мудҳиштар аз теғу туфанг аст.
Балои ноаёне шуд ҳукмрон,
Халоиқ аз зиёнаш хонавайрон.
Чӣ одамҳо мазорро хона карданд,
Ва ё маҳрум шуданд аз меҳри фарзанд.
Ҳаёт аз кӯи ғам маҳзун равон аст,
Зи андӯҳи карантин нотавон аст.
Гузашт аз ин ҷаҳон бо дилфигорӣ,
Чаҳорум карра ҳар як садҳазорӣ.
Писар барвақт бо модар видоъ кард,
Фироқи ҳамсарон тақдир раво кард.
Бубин, Эрону Чин дунёи ғам шуд,
Ню Йорк аз аҷал ғарқи алам шуд.
Фиғони Куриё то осмон рафт,
Садои Ҳинду Афғон бегумон рафт.
Ба олам офат овард тоҷвирус,
Аз он берун намонд арман, рус, афсӯс.
Либоси марг пӯшид ҳамватан ҳам,
Хазон гашт умри чанде ҷону тан ҳам.
"Худо пурнур созад хоки гӯрат,
Дар он дунё диҳад Оллоҳ ҳузурат" (Аз ОГАҲӢ)
Ба ман осон набуд ифшои ин роз,
Басо мушкил бувад то арш парвоз.
Худоё! Ин ҷаҳонатро нигаҳ дор,
Раҳоӣ бахш аз анбӯҳи озор.
Ту худ танҳо бузургу меҳрубонӣ,
Ба мардум ҳар чӣ кардан метавонӣ.
Ба саҳни марг табдил ёфт дунё,
Чу қабристон хамӯш метофт дунё.
Чӣ инсонҳо ҳаётро тарк карданд,
Зи ночорӣ тамос бо марг карданд.
Дилам шуд реш-реш аз доғи ҳиҷрон,
Ҷигар аз сӯзи беҳад гашт бирён.
Ба ҷуз таслим ба тақдир чорае нест,
Мададгорам ба ҷуз Оллоҳ дигар кист?
Давои дарди бадхоҳӣ биомӯз,
Раҳоиро зи гумроҳӣ биомӯз.
Кушо қулфи гуноҳу ҷурми нодон,
Нишон деҳ ҳадди айшу кайфи инсон.
Ҳаёву авфу бахшиш ёри мо бод,
Вафову меҳру кӯшиш муддао бод.
Равем бо роҳи шукри бегуноҳӣ,
Занем табли бақои хайрхоҳӣ.
Ҷаҳон аз нав шавад хуррамсарое,
Ба дил ворид шавад нуре, сафое...
Аё, бигзаштагони соли офат,
Насиб гардад шуморо кош ҷаннат.
Илоҳо, номатон дар ёд монад,
Худо аз дил гудози ғам ситонад.
Ҳузур дар маърази Оллоҳ ёбед,
Дар он дунё фақат осуда хобед.
Намесозем шуморо мо фаромӯш,
Намегардад чароғи ёд хомӯш...
"Чаро ғам мехӯред аз баҳри мурдан,
Магар онон, ки ғам хӯрданд, намурданд.
Бирав, аз кунҷи қабристон гузар кун,
Бубин, ки мурдаҳо бо худ чӣ бурданд" (Аз Саъдӣ)
Ниҳон дар ин сухан дунёи ҳикмат,
Расад бар гӯши дилҳо ҷӯши фикрат...

Нормурод КАРИМЗОДА


Дата добавления: 13/06/2020 16:19;   Просмотров: 599
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку