Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЛВИДОЪ, ТОҶВИРУС! ДОСТОН- 2

Нормурод КАРИМЗОДА

РУҶӮЪИ ЛИРИКӢ
Шоми қадр аст саловоти даҳои Рамазон,
Гоми хайр аст муноҷоти сазои Рамазон.
Аҳди некӯст амалҳои савоби раҳи Ҳақ,
Зикри Оллост мукофоти бақои Рамазон.
Ба ҳазор дард давоест саховат ва кӯмак,
Шукри мардум чи муносиб ба фазои Рамазон.
Дасти имдод ба бечораву нодор диҳед,
Азми мардона хуш аст аз барои Рамазон.
Ҳар киро рӯ ба ниёзест дар ин дайри куҳан,
Муслимин шоду мукаррам зи навои Рамазон.
Дӯстам, дасти дуо дар сари саҷҷода кушо,
То ба дил ҷой гирад фарру сафои Рамазон.
Неъмате беҳ зи иқболи худогоҳӣ куҷост?
Шӯъла дар сина пур аз меҳригиёи Рамазон.

БА ҲОМИЁН
Дари ҳиммат кушо чун Ҳотами Той,
Руҳи бечораҳол бо меҳр афзой.
Бубин аҳволи ҳар як камбағалро,
Ба исботаш расон илму амалро.
Зи ранҷи зарра дил садпора гашта,
Зи дарди рӯзгор бечора гашта.
Наёбад ризқу рӯзии фаровон,
Чу кофӣ нест нозу неъмати он.
Маъибу нотавон, ночор аст ӯ,
Дил аз доғу ситам абгор аст ӯ.
Шукуфон нест рӯяш ҳамчу гул ҳам,
Хазонро монад аз озори мотам.
Дилаш бишкаста аз кӯтоҳдастӣ,
Ба вай бегона ё зебопарастӣ?
Бидеҳ дасти мадад, то метавонӣ,
Ки монад некномӣ ҷовидонӣ.
Худо ҳам мебинад хайру савобат,
Дар он дунё шавад осон ҷавобат.
Ба ҳар некӣ дуои ҳайр пайванд,
Зи ҳар ёрӣ диле ҳам шод даҳчанд.
Ба дил хун гашта ёвар бош доим,
Ки ҳар дилсанг мегардад мулоим.
Зи ҳиммат кам нагардад ҳомӣ ҳаргиз,
Накоҳад махзане аз харҷи ночиз.
Якашро даҳ карат афзун намояд,
Дигарҳоро зи худ мамнун намояд.
Ҳазар аз мулкдори бесаховат,
Машав пайрав ба номардони миллат.
Ҳазор аҳсант бар ҳимматбаландон,
Ки аз мардон ватан ободу рахшон...

РУҶӮЪИ ЛИРИКӢ
(Рубоиёт)
Эй тоҷвирус, дил омад аз ғам ба фиғон,
Бо хилқати нопок зиёне нарасон.
Бо қудрати рӯҳу тан ба мақсуд бирасем,
Ҷӯшем ба ёди некӣ чун баҳри дамон.
* * *
Эй тоҷвирус, ту бегумон дарди сарӣ,
Ин қадр макун ба халқ бедодгарӣ.
Аз дасти ту ваҳшатзада бисёр шуда,
Оё ту зи кирдори бадат бехабарӣ?!
* * *
Эй тоҷвирус, бар ту ҳазорон лаънат,
Беморшудагон зи дил намоянд нафрат.
Бо хӯи бадат магар ба тоҷ меарзӣ?
Не-не, ту гирифтор ба чандин иллат.
* * *
Эй тоҷвирус, бигзарад ин ҳоли табоҳ,
Хушҳолӣ фаро расад, ки бошем гувоҳ.
Аз омаду рафти ту чӣ монад ба ҷаҳон?
Ҷуз чанд майиту шевани рӯзи сиёҳ.
* * *
Эй тоҷвирус, лаънати дунё ба ту бод,
Алфози бади бепулу доро ба ту бод.
Ҳарчанд наменамоӣ бар чашми сарам,
Мифтоҳи амалҳои ғамафзо ба ту бод!
* * *
Эй тоҷвирус, тоҷи туро пора кунам,
Дар арсаи худнамоӣ бечора кунам.
Ҷӯям раҳи озодагиву ҳифзу дифоъ,
Бо ақлу хирад ҷанги ту бекора кунам.

БА ПАЙРАВОНИ СИНО
Шуморо дӯст медорам, азизон,
Шифокорони беҳамто, беҳ аз ҷон.
Қасам дар дил равед бо роҳи мақсуд,
Ки то ёбад шифо бемор бе суд.
Шумо арзандаи меҳри ҷаҳонед,
Диловар, меҳрубон, фахри замонед.
Ба корафтодагон ғамхор ҳастед,
Давобахшандаи бемор ҳастед.
Чу Синову Гипократ олишонед,
Ба Розӣ ё Атоуллоҳ монед.
Ватан гулгул шукуфон бо шумо шуд,
Сухан бар дард дармон бо шумо шуд.
Шумо олим, шумо тимсоли шафқат,
Шумо бешубҳа дунёи садоқат...
Шифокорон, аё хилъатсафедон,
Шумо ҷанговарони пеши майдон.
Давои дарду доғи мардумонед,
Балогардони кулли ҳамдиёред.
Шумо ҳастеду мо соғу саломат,
Ҳаёт ободу хуррам, бофароғат.
Шумо чун қаҳрамони давру даврон,
Ба ҳаллу фасли мушкил медиҳед ҷон.
Ба беморон мадору рӯҳ бахшед,
Чу хуршеди мунаввар медурахшед.
Дар ин дунёи дун инсони мушфиқ,
Ба дархости Худову халқ содиқ.
Ба ҳар дармонда субҳу шом ёвар,
Ба хосу ом баробар ҳам бародар.
Шумо тимсоли раҳму меҳру шафқат,
Сазовори тасаннову муҳаббат.


Последнее редактирование: 26/05/2020 17:50;   Просмотров: 614
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку