Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АГАР ХОБ НАБАРАД...

Дар байни мардум шикоят аз бедорхобӣ, хобҳои парешон дидан, ваҳму воҳима ва тарс зиёд аст. Алалхусус, ба занҳо.

Чун мешунавам. мегӯям:
Барои зуд хобатон бурдан, агар фишори хун надошта бошед, харбузаи ширин ва ё қаймоқ хӯред. Ана баъд хобатон хуб мебарад.
Тадбири дигар ин ки ба болои кӯрпачаи мулоим ба пуштатон лӯлаву болишт монда, китоб хонед ё суруду мусиқаҳои классикӣ гӯш кунед, бурда мондани хобатонро нафаҳмида мемонед.
Тадбири саввум: - Шумо, албатта, аз оятҳои Қуръон каму беш медонед. Чунки мусулмон ҳастед, агар то ҳол надонед, кӯшиш карда ёд гиред. Зеро, Пайғамбарамон Муҳаммад алайҳиссалом гуфтаанд:
- "Касеро, ки дар дилаш аз оятҳои Қуръон набошад, мисли иморате, ки соҳиб надорад, аз таъсири борону офтоб фарсуда шуда, нобуд мегардад".
Ҳамон оятҳои медонистагиатонро пеш аз хоб бо ихлос хонда, ба худатон ба қавле дам андозед, баъд фикрҳои зиёди дунё - иморату тӯйҳою маъракаҳои бефоида, мурдагон, алалхусус, воҳимаи бемории вируси имрӯзаро тамоман аз худ дур кунед. Ба ҷои он ба рахти хоб, ки даромадед, "Ё Оллоҳ"-ро бо баробари нафаскашиатон ба такрор гуфтан гиред. Худ аз бурдани хобатон бехабар мемонед.
Бо ин мушкили шумо осон мегардад. "Ё Оллоҳ", ки зикри Худо аст, аввалан шифо мебахшад, сониян мақбули даргоҳи илоҳӣ гашта, ба номаи аъмоли некатон сабт мешавад, ҷаннат насибатон мегардад.
Аксар ба ҷои қисми миёнаи матн ин тадбир, яъне аз як то сад рақамро бо забони худашон гуфта, ба он ноил мешаванд, яъне хоби худро пайдо мекунанд.


Шукруллохон ВАЛИЗОДА


Дата добавления: 18/11/2021 14:15;   Просмотров: 423
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку