Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Абдусалом ДЕҲОТӢ

Адиб, драматург, олим, мутарҷим Абдусалом Деҳотӣ 14-уми марти соли 1911, дар деҳаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст.

Мактаби миёнаро соли 1930 хатм кардааст. Аз соли 1931 дар шаҳри Самарқанд, дар рӯзномаи "Ҳақиқати Ӯзбекистон" ва шӯъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор мекард. Соли 1935 ба Сталинобод (ҳозира Душанбе) рафта, дар идораи маҷаллаи "Барои адабиёти сотсиалистӣ" кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 - 1945) корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон, пас аз ҷанг котиби масъул ва муҳаррири журнали "Шарқи Сурх" (ҳоло "Садои Шарқ"), муҳаррири маҷаллаи "Тоҷикистон", котиби иҷроияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мудири шуъбаи адабиёти бадеӣ ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд ва ба сифати яке аз арбобони барҷастаи матбуоту нашриёти тоҷик шӯҳрат пайдо кард. Солҳои 1946-1949 ходими илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии АИ СССР буда, бо Н. Н. Ершов "Луғати русӣ - тоҷикӣ" - ро таҳрир намуд (1949). Дар таҳрири чанд ҷилди тарҷумаи тоҷикии асарҳои сиёсатмадорони бузурги давру замон иштирок дошт. Аз соли 1959 то охири умр корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, яке аз муҳаррирони "Фарҳанги забони тоҷикӣ" (ҷ. 1 - 2, М., 1969) буд. Яке аз донишмандони забону адабиёти тоҷик ва аввалин муҳаррири асарҳои илмии Садриддин Айнӣ буда, дар таҳияи нахустин маҷмӯаи шеърҳои Рӯдакӣ (с.1940) бо Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ кардааст. "Ҳафт пайкар" ва "Лайливу Маҷнун" - и Низомӣ, мухтасари "Куллиёт" - и Саъдӣ, "Латифаҳои тоҷикӣ" - ро ба чоп ҳозир кардааст. Аз устод Деҳотӣ зиёда аз 20 китоби шеъру ҳикоя, қиссаву драмаҳо боқӣ мондааст. То қарибӣ кӯча ва мактаби зодгоҳаш номи Абдусаломи Деҳотиро дошт.

Чӣ ХУШ БОРИДААСТ БАРФ

Фасли зимистон омад,
Барфи дурахшон омад.
Бароетон, бачаҳо,
Тафсад бозӣ, хандаҳо.

Чӣ хуш боридааст барф,
Нуқра барин ҳар тараф.
Мо дар ҳар сӯ метозем,
Аз барф одам месозем.


Последнее редактирование: 25/01/2019 15:12;   Просмотров: 1383
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку