Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

100 МИСРАИ ЭҲТИРОМ

аз дилномаи нотамоми шогирдони бонангу ном

Салому паёми дил овардаам,
Ба коғаз чу шеъре даровардаам.
Аё, мактаби шӯҳраманди замон,
Аё беҳтарин ошёни ҷаҳон.
Ҳар он, чи ки аз ту биомӯхтам,
Чароғи дилу дида афрӯхтам.
Гирифтам сабақҳои омӯзгор,
Ки аз кӯдакиам бувад ёдгор.
Дабистони бартар зи ҷонам туӣ,
Мунаввар зи ирфон ҷаҳонам туӣ.
Садоҳои зангат хуш ояд маро,
Ба ҷон мепазирам навои варо.
Кушодӣ ба рӯям дари маърифат,
Ба дунёи дониш шудӣ раҳбалад.
Суханҳои саршори панди чу қанд,
Шунидам зи устоди бас арҷманд.
Куҷо он ҳама чеҳраҳои банур?
Куҷо ганҷи меҳру забону шуур?
Куҷо Бердӣ Ҳамроҳи меҳрофарин?
Куҷо шеъри хоно, равон, дилнишин?
Куҷо Чинимомои соҳибсухан?
Куҷо Раҳматулло, гули анҷуман?
Ба Авнер, ба Қувват, Исом офарин,
Ба Мисқол, Ҳаловат, Азиз дил қарин.
Ба Солеҳ, Нуриддин ташаккур зи ҷон,
Зи Неъмат, зи Барно манам шодмон.
Ба Ӯроқ Аҳадов шараф-шон бод,
Ки доди ҳунар, илму имон бидод.
Ташаккур ба чандин нафар зиндаҳо,
Ба эъзозу таъриф арзандаҳо.
Агар ном ба ном оварам бар забон,
Намонад ба килкам сиёҳу тавон.
Агарчи хамӯшанд дар зери хок,
Бароям абадзинда чун рӯҳи пок.
Бувад ифтихори ватан номашон,
Ҳамин шеъру меҳрам шуд инъомашон.
Кунун ҷои онон ба мағзи дилам,
Фурӯзон зи шамъи вафо манзилам.
Қадам мегузорам ба мактаб ҳамон,
Барои сабақҳои малҳам ба ҷон.
Аз ин ҷо ба даст оядам ганҷҳо,
Чу ҳар ганҷ ояд пас аз ранҷҳо.
Маро раҳнамои адаб мактаб аст,
Ба рушду нумӯям сабаб мактаб аст.
Ба ҳар як саволам гирифтам ҷавоб,
Ки идроку зеҳнам биёфт обутоб.
Басе қиссаҳои аҷиб хондаам,
Ба шеъру сухан, бин, ки дил мондаам.
Ба ман дод илму амал, болу пар,
Шараф бод бар аҳли дониш, ҳунар!
Чу таълим бидодам ба фарзанди халқ,
Ба духтар-писарҳои дилбанди халқ.
Муаллим будам чанд бар наврасон,
Дари илму фарҳанг кушодам зи ҷон.
Зи субҳи сафо сӯи мактаб шудам,
Камарбаста дар кӯи матлаб шудам.
Зи асрори шеъру сухан гуфта ҳарф,
Зи эҳсоси миллат, Ватан суфта ҳарф.
Нишон додам ақсои донишварӣ,
Садоқат, матонат, вафо, дилбарӣ.
Ба ман буд нахустин устод падар,
Падар гуфтанам кам - буд ӯ тоҷи сар!
Гирифтам суд аз дарси устодҳо,
Аз он фитрати покбунёдҳо.
Гузаштанд садҳо бузургони илм,
Ҳамон чашмаҳои заковат ва ҳилм.
Дилам гум занад боз бо ёдашон,
Мададгори моянд арвоҳашон.
Аё мактаб, имрӯз, ки садсолаӣ,
Муборак шавад ҷашни садсолагӣ!
Ту ҳам мисли пирон шудӣ мӯйсафед,
Зи ҳар соли умрат паёме расид.
Чи фарзонамардон ба бар доштӣ,
Чи қисмат, чи таърих ба сар доштӣ.
Чи дастпарварони асил дидаӣ,
Чи гулҳои мақсуд зи боғ чидаӣ.
Садумин баҳори гулафшон хуш аст,
Ин айёми некӯ ба ёрон хуш аст!
Дар ин ҷода иқдоми нав бод ёр,
Чу даргоҳи таълим бимон пойдор.
Аё, маҳди дониш, ҷаҳони хирад,
Ба ту меҳр бастам чу шогирд абад.
Ту он қалъаи ақлу кони зиё,
Ба фарзанди мардум туӣ ҷонфидо!
Ба гӯш мерасад савти армон зи ту,
Садоҳои қалби ниёгон зи ту.
Диҳад Рӯдакӣ панди шаккар ҳамон,
Чи Хайём, чи Сино, Камол ҷовидон.
Ғазалҳои Ҳофиз гуворо бувад,
Масалҳои Зоконӣ аъло бувад.
Навоиву Ҷомӣ писанди дил аст,
Ба гуфтори Айнӣ асир маҳфил аст.
Ҳазорон ҷавонон, ки фахри туянд,
Чу гавҳар дурахшон зи баҳри туянд.
Ба гуфтан нагардад тамом номашон,
Ҳама зевари давру давронашон.
Туро мепарастам, ки то зиндаам,
Аё маърифатгоҳи пояндаам!
Ба номат навиштам паёму дуруд,
Ки буд арзи эъзозу фахру суҷуд...

Нормурод КАРИМЗОДА,
15-уми майи соли 2019

ЭЗОҲ: барои дар шеър нопурра омадани исму насаби устодони зиндаёд Чинӣ Акрамова, Раҳматулло Баҳриев, Авнер Рубинов, Қувват Эшонқулов, Исом Ғиёсов, Мисқол Ғиёсова, Ҳаловат Муқумова, Азиз Остонақулов, Солеҳ Шодиев, Барно Исмоилова аз фарзандон ва хешу таборашон узр мепурсам.

Муаллиф


Последнее редактирование: 31/05/2019 15:35;   Просмотров: 825
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку