Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РАССОМИ НОМАЪЛУМ

Ҳикоя Нусрат РАҲМАТ

(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
- Супориданро фикр накунед, - гўё тасалло медод соҳиб, - то мо ҳастем, ҳосилатон дар замин намемонад.
Шояд аз сабаби начаспидани сўҳбат бошад, бригадир узр пурсида, ба рафтан омода шуд. Ўро то дарвоза гусел карда мондем. Соҳиб аз кресло хеста, ҳамсарашро даъват намуд.
- Қарзро овард-мӣ, ана вай? – ба тарафи ҳамсоя ишора карда пурсид.
-Не! Дертар медодагист, занашро ба Ленин-град бурд. Дар ин ҷо табобат карда намешудааст…
- Нодон! Рисқаш бутун бошад, чӣ фарқ дорад?!
Зан аз ман хиҷолат кашид. Мавзўро устокорона ба дигар тараф тофт.
- Писаратон шаҳодатномаашро гирифтааст… Ба донишгоҳ рафтан рухсат мепурсад…
- Не, - гуфт ў, - ба юрфак ё ба системаи савдо меравад. Мана ин бачаҳо, - ў ба тарафи ман ишора намуд, - аз қишлоқ омада мехонанд-ку.
Аз мобайн тахминин даҳ рўз гузашт. Умедҳои ширини ман, орзуҳову интизориҳоям ба сароб табдил ёфта мерафт. Дар ин мобайн соҳибхоназан маро хеле қадр мекардагӣ шуд. Ҳамон рўз бо маслиҳати ў дар маҳалла ба тўй рафтам. Ҳангоми хизмат карда гаштанам соҳиб омада монд. Се-чор нафар ба пешвози ў баромада, аз пешгоҳ ҷой нишон доданд. Пас алоҳида дастурхон густурда, нозу неъматҳо оварданд. Соҳиб дар ин ҷо ҳам бо виқор менишаст. Бо раиси маҳалла қадаҳҳояшонро ба ҳам зада, ба касе зардакунон менўшид. Баробари баромада рафтани ў одамҳо ғайбатро сар карданд.
- Маст шуд муттаҳам!
- Ин шуллукро ҳамон занаш одам карда гаштааст. Набошад, аллакай ба балои азим дучор мегардид.
Аз гапи онҳо маълум гашт, ки бону зани саввуми соҳиб будааст. Аввалинаш ба бисёр солҳо интизорӣ кашиданаш нигоҳ накарда, соҳиб аз он ҷониб зан гирифта омадааст. Баъд аз муроссо карда натавонистани онҳо ҳарду занҳояшро ҷавоб дода мефиристад.
- Чунин одамҳо ҳам ба маҳалла лозим, ёриаш расида меистад, - ғайбатро ба охир расониданд онҳо.
Аз тўй оям, соҳиб бо майка дар кресло нишаста будааст. Хеле хурсанд шудам.
- Хўш, студент, корҳоят дар ҷояш, ба тўй рафта шуд-мӣ?
-Ҳа.
(Давом дорад)


Дата добавления: 21/04/2017 11:55;   Просмотров: 1539
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку