Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КОРРУПСИЯ - КУШАНДАИ АДОЛАТ

Дар толори Хонаи маданияти рақами 1-и ноҳия бахшида ба Рўзи ходимони корҳои дохилӣ зинаи ноҳиявии озмун-азназаргузаронии "Коррупсия - кушандаи адолат" баргузор гардид.

Дар он ҳашт нафар раисони Ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳое, ки дар зинаи ҳудуди сектории худ ғолиб дониста шудаанд, иштирок карданд. Озмун бо мақсади роҳ наёфтани коррупсия дар маҳалҳо, тарбияи насли наврас дар роҳи ватанпарварӣ ва инсофу диёнат, солимгардонии муҳити кўчаву бозор ва зист гузаронида мешавад. Озмун аз чор зина иборат буда, пас аз зинаи ноҳиявӣ зинаи вилоятӣ ва ҷумҳуриятӣ низ ҳаст.
Дар зинаи ноҳиявии озмун раиси маҳаллаи "Оҳалик" Инъомҷон Сиддиқов, раиси маҳаллаи "Миронқул" Меҳроҷ Султонов, раиси маҳаллаи "Бўзӣ" Алишер Тўрақулов, раиси маҳаллаи "Равонак" Исмоилҷон Амонуллоев, раиси маҳаллаи "Арабхона" Абдурасул Отамуродов, раиси маҳаллаи "Ўзбеккенти" Нуриддин Ҳамдамов, раиси маҳаллаи "Қавчинон" Абдуҷалол Ризоев, раиси маҳаллаи "Гулобод" Қобилҷон Турдиев фаъолона иштирок намуда, ба се шарти озмун: шиносоӣ, саволу ҷавоб ва намоиши саҳна аз рўзгори маҳалла дар боби пешгирии коррупсия, пешкаш намудани албоми слайдҳо аз рўи маҳорат, истеъдод ва дониши худ ҷавоб доданд.
Ҳакамони озмун сардори шўъбаи адлияи ноҳияи Самарқанд Хуршед Мухторов, мудири шўъбаи прокуратураи ноҳия Дилшод Эшонқулов, сардори шўъбаи пешгирии ҷиноятҳои идораи корҳои дохилии ноҳия Азамат Пўлодов ва ҷонишини раиси шўъбаи ноҳиявии мувофиқгардонии фаъолияти маҳаллаҳо Фирўз Зикриёев буданд.
Озмунро раиси шўъбаи мувофиқгардонии фаъолияти маҳаллаҳо Муинҷон Набиев ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокдорон муваффақият хост.
Озмун басо ҳаяҷоновар ва пуршавқ гузашт.
Мувофиқи баҳогузории аъзоёни ҳакам бо 112 хол раиси маҳаллаи "Қавчинон" Абдуҷалол Ризоев ба ҷои аввал шарафёб гардида, барои иштирок дар зинаи вилоятӣ роҳхат гирифт. Раиси маҳаллаи "Равонак" Исмоилҷон Амонуллоев бо 111 хол ҷои дуюм ва раиси маҳаллаи "Гулобод" Қобилҷон Турдиев бо 101 холҷои сеюмро соҳиб гаштанд.
Ба ғолибон диплом ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Барои хотирмон ва ботартиб гузаштани озмун ровӣ, раиси маҳаллаи "Гулбоғ" Озодҷон Хидиров ва сарояндаи шўъбаи маданият Фирдавс Саъдиев ҳиссагузор шуданд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 25/10/2019 11:58;   Просмотров: 761
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку