оғоз ёфт
Аксари хатмкардагони коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ ва мактабҳои таълими умумӣ орзуи донишҷўиро доранд. Бо вуҷуди зиёд будани довталаб имкони дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ мавҷуд аст. Ҳуҷҷатҳо дар Маркази хизматҳои давлатӣ ба таври онлайн аз 15-уми июн то 15-уми июли соли ҷорӣ қабул карда мешавад. Ба мо оиди ҷараёни мазкур мудири шўъбаи ҳуҷҷатсупорӣ ва қабулкунии Маркази хизматҳои давлатӣ Савлат САЛОҲИДДИНОВ чунин иброз дошт:
- Имсол ҳуҷҷатқабулкунӣ ва имтиҳонсупорӣ аз ҳарсола фарқ дорад. Ҳоло мо ҳуҷҷатҳои довталабонро барои панҷ донишгоҳ - Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Гулистон, Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқистон ва Донишгоҳи давлатии Фарғона қабул мекунем. Ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ ба воситаи Маркази хизматҳои давлатӣ абитуриент суолномаро пур карда, нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои зеринро тақдим менамояд:
* Шиноснома (паспорт). Агар ба синни шиносномагирӣ нарасида бошад, зоднома (метрика);
* Ҳуҷҷат (бо иловааш) оиди хатми коллеҷ ё литсей;
* имкониятдорон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имкониятро месупоранд.
Абитуриентоне, ки солҳои пеш муассисаи таълимиро хатм намудаанд, 50 фоизи музди камтарини меҳнат (101 ҳазору 365 сўм)-ро ҳамчун пардохт месупоранд. Аз хатмкардагони имсола, шахсони ногиро ва дар таъминоти давлатбуда пардохт ситонида намешавад.
Довталаб дар як вақт имконияти интихоби 3 муассисаи таълими олиро дорад. Агар баъди имтиҳонсупорӣ дар муассисаи таълими олии аввал интихобкардааш дохил нашаваду дар дуюм қабул карда шавад, донишҷўи муассисаи дуюм мегардад. Агар дар муассисаи таълими олии аввал бар асоси шартнома (контракт) қабул шаваду дар дуюмаш дар асоси бюджет бошад, дар муассисаи аввал бар асоси шартнома мехонад.
Бояд гуфт, ки дар муассисаҳои дигари таълими олӣ хуҷҷатҳои довталабон аз 15 июн то 15-уми июл дар комиссияҳои қабули он қабул карда мешавад.
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.