Рўзи 29-уми июни соли ҷорӣ дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд вохўрии ҳокими вилоят Э.Турдимов бо ҷавонон баргузор гардид.
Дар рафти вохўрӣ хонандаи мактаби таълими умумии рақами 38-и ноҳияамон Хуршед Ҳасанов ба ҳокими вилоят аз рўйи масъалаи таъмирталаб гардидани симчўбҳои ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Гулобод муроҷиат кард.
- Аксарияти ҷавононе, ки муроҷиат карданд, муаммои худро баён намуданд. Аммо ту бо вуҷуди хонандаи мактаб будан, масъалаи муҳимро ба миён гузоштӣ. Аз тарафи ҳокимияти вилоят ба ту ноутбук тўҳфа мекунам, - гуфт ҳокими вилоят.
Ба муносибати Рўзи ҷавонон дар амфитеатри "Мўҷиза"-и шаҳр тадбир баргузор гардид. Дар он ба Хуршед Ҳасанов ноутбук тўҳфа карда шуд.
- Аз эътибори ҳокими вилоят сарбаланд гардидам, - иброз дошт Хуршед Ҳасанов. - Бо ҳоким рў ба рў шуданро ҳатто тасаввур намекардам. Ин вохўриро тамоми умр фаромўш нахоҳам кард. Боварии сазовор гардида, барои рушду равнақи ватан саҳм мегузорам. Аз ноутбут босамар истифода мебарам.
Мо дар корҳои минбаъдаи ин ҷавони бохирад комёбӣ ва муваффақиятҳоро таманно дорем.
Мухбири худамон
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.