Китоби нави шоири ширинкалом, Аълочии таълими халқии Ҷумҳурияти Ўзбекистон, роҳбари маҷмўи маънавию маърифатии “Олами китоби Самарқанд” бо номи “Чорбоғ” тавассути нашриёти “Тамаддун”-и Тошканд ба теъдоди ҳазор нусха аз чоп баромад.
“Чорбоғ” китоби ҳафтуми муаллиф буда, пеш аз ин китобҳояш бо номҳои “Атри ваҳдат”, “Намозгоҳи хуршед”, “Осиёи қисмат”, “Ашки ошиқ”, “Чил баҳору чил хазон” ва “Гулбўсаи ишқ” ба дасти хонандагон расидааст.
Дар “Чорбоғ” Асадуллоҳ бо меҳри афзун дар васфи Ватан, Модар, Ишқ ва одамгарию меҳр як силсила дубайтию рубоӣ ва чорпораҳо эҷод намуда, онро бо самимият пешкаши мухлисони шеър менамояд. Муаллиф ҳар кадомеро дар бобҳои алоҳидаи “Ашки шабнам”, “Абри найсон” ва “Донаи парешон” ҷой додааст. Дар боби “Аз қитъае то қитъае” шоир васфи зодгоҳаш - Чорбоғ, зодгоҳи волидонаш Кемгузар, зодгоҳи бобоёнаш Хуфар ва зодгоҳи фарзанду наберагонаш Самарқандро сурудааст.
Рақами чор барои Асадуллоҳ Исмоилзода тимсоли бахт аст. Ин рамзро дар китоб борҳо мушоҳида намудан мумкин аст. Деҳааш Чорбоғ, фарзандаш чор нафар, китоби нав иборат аз чор боб ва дар боби чаҳорум васфи чаҳор диёр акс ёфтааст. Чорбоғнома, Кемгузарнома, Хуфарнома ва Самарқанднома хонандаро бефарқ намегузорад. Инак, марҳабо, ба “Чорбоғ”-и Асадуллоҳ!
Д. ҒАФФОРДУХТ
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.