Қисса Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Роҳраваш кушода буд. Вале Зафари беадаб боз пиёдароҳро ба як сў гузошта, рост рафт ва боз аз болои панҷара ҷаҳид.
- Оҳубарра шаву рав-е, - худ ба худ гуфт он шахс, - ҷавонӣ - беақлӣ-дия, лекин фасли ҷасорат, далерӣ, ҷуръат.
Вақте, ки ў ба қасри варзиш омад, дар назди даромадгоҳ Пайравро дид. Ў Зафарро интизорӣ мекашид. Онҳо бо якдигар табассумкунон вохўрӣ карданд. Зафар ба пиразани навбатдор фаҳмонд, ки Пайрав ҳамроҳи ўст. Вай чизе нагуфт ва боз бо мутолиаи китобаш банд шуд. Пиразан ҳамеша асарҳои ғароиби саргузаштӣ мехонд. Фениомер Ҷеймс Купер, Жюл Верн, Марк Твен ва ғайра адибони дўстдоштаи пиразани лоғарандоми рус буд. Китобҳояш аз бисёр хондану варақзанӣ мисли худаш фартут шуда рангбохта буданд. Ҳатто рўи муқоваҳояш ба чашм хира метофтанд. Гоҳо ў саргарми мутолиа шуда, ба одамони равуо дошта як нигоҳ мекарду бас. Ин дафъа ҳам ў ба ҷўраҳо ҳамин тавр рафтор кард.
То ба оғоз ёфтани машқ чанд дақиқа монда буд. Аллакай дар толор бокс-ёрҳо бо халтаҳои чармини овезон - “мурўд” ва назди оинаҳои барқад истода “меҷангиданд”. Зафар зуд тағйири либос карду назди устодаш рафт. Анатолий Романович бо “профессор”-и ринг - Миша Ягудаев сўҳбат дошт.
(Давом дорад)
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.