Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БИЁ, БИЁ, КИ НАВҶАВОНИҲО ГУЗАШТ, РАФТ...

Чилу панҷ сол. Як умри ҷавонмард. Чилу панҷ сол қабл 53 нафар донишҷў факултаи суханшиносии Донишкадаи давлатии омўзгории Самарқанд ба номи қофиласолори адабиёти навин, аллома Садриддин Айниро хатм намуда, диплом гитрифтаанд. Ва чилу панҷ сол боз ин нафарон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷамъият, асосан маърифату маънавият ва адабиёту фарҳанг заҳмат мекашанд. Дуруст аст, ки ҳоло аз он 53 нафар фориғуттаҳсил, ки дар ду гурўҳ таълими олӣ гирифта буданд, танҳо 41 нафар дар ҷаҳони мо арзи ҳастӣ мекунанд. Сад дареғи 12 нафар ҳамсабақ, ки бармаҳал вафот кардаанд.

Дар вохўрии ҳамсабақон пас аз 45 сол ҳамагӣ 20 нафар аз Сурхондарёву Самарқанд ба майдони Регистони Самарқанд ҷамъ омаданд. Пас аз саёҳат дар мадрасаҳои Улуғбеку Тиллокорӣ ва Шердор ба зиёрати мақбараи Президенти Аввалини Ўзбекистон, меъмори сулҳу ваҳдат, эълонгари Истиқлолияти мамлакат Ислом Абдуғаниевич Каримов пардохтанд. Баъд кўчаи ба номи ин Арбоби намоёни давлатиро убур намуда, ба пояи муҷассамаи тозабунёди ў расиданд ва гулҳои тозаву тар гузоштанд. Барои хотира аксбардорӣ карданд.
Ин ҳамсабақони синнашон 67-70 сола, ки аз нигоҳашон ҳисси пазмонӣ, аз дидори якдигар, шавқу шодмонӣ дарк мешуд, маҳз ин ҷо устодони худ номзади улуми педагогӣ, дотсент, шоири машҳур Салим Кенҷа ва бузургмарди саропо фазлу лутфи латиф Баҳодур Ҷабборови Маҳаллатиро пешвоз гирифтанд.
Пас аз диду боздид аз тозабунёдиҳои шаҳри Самарқанд ба музофоти боғистони ноҳияи Самарқанд расиданд. Назди соҳили наҳри Дарғам – Ҷўйи Аббоси бостонӣ таваққуф намуданд.
Аксар ҳамсабақон, ки эҷодкор – аҳли илму адабанд, аз ин соҳил панди зиёде, хосияти неке хонданд.
Оби пурмавҷу шитобони Дарғам аз умри босуръати одамӣ дарак медиҳад. Дар соҳили ин наҳр замоне Зардуҳушти Испитомон панди оламгире гуфта: “Рафтори нек, пиндори нек, гуфторни нек!” ва ин ҳамсабақон умре ба он содиқ монда...
Ошхонаи сояву салқину сарҳавзи пурмоҳии Ҳамзаи ошпаз, ки аз наҳри бобоӣ ҳамагӣ чанд қадам дуртар аст, ҷойи сўҳбати гуворо интихоб шуд. Танҳо аз дур қуллаҳои қаторкўҳҳои Зарафшон – Ургуту Илонсой, Оқбўрёву Оҳалик шоҳиди сўҳбати ширини ҳамсабақон буданд. Гўё онҳо мегуфтанд: “Мо ҷавонии шуморо гувоҳем, мо ба пириву меҳрубониатон ҳамду сано мегўем, одам бояд чунин: одамвор, бовиқор зиндагӣ намояд, умр ғанимат аст! Ҳамсабақон, низ Лоиқхонӣ мекунанду овозашон то авҷи кўҳҳо мерасад:
Ҳам рўди равон будам, ҳам баҳри дамон будам,
Дар рўи ҷаҳон будам, худ балки ҷаҳон будам.
Аз ахтари чашмонам ҳар гўша фурўзон буд,
Ҳам нури замин будам, ҳам нури замон будам.
Имрўз замингирам пайдост, ки мемирам,
Эй чарх, ба ёдат ҳаст, вақте ки ҷавон будам...
Нишаст аз қироати сураҳои Қуръон ба руҳи устоду шогирдони гузашта оғоз ёфт. Пас, сўҳбати дилнишине барпо гардид.
– Дўстони азиз, ман бо шумо ифтихор дорам,- иброз дошт устод Баҳодури Ҷаббор ва афзуд,- Номи ҳамсабақони Шумо - рўзноманигор, шоир Нормурод Каримзода, эҷодкори асил Норқул Шукуров, машъалафрўзони маориф, ҳоло ҳоҷиҳо К.Додобоев, Ҳ.Валихўҷаева, С.Истадова, тадбиркорон А.Саъдиев, О.Қуттиев, санъаткорон Т.Зокиров, М.Қодирова ва дигарон маҳбуби даврон гаштаанд. Барҳақ, азизон, дидор азиз, сўҳбат ғанимат аст.
Ҳамсабақон низ ба ҳамдигар бо чашми меҳр ва харидорӣ наззора доштанд. Бо як овоз гуфтанӣ мешуданд: “Биё, биё, ки навҷавониҳо гузашт, рафт...”
Нишасти ҳамсабақон то дер идома ёфт ва ин 26 мисраъ шеъри шоир Салим Кенҷа ҳамчун армуғон ба 26-умин солгарди Истиқлолият ҳусни хотимаи базми ҳамсабақон буд:

БАЪД АЗ ЧИЛУ ПАНҶ СОЛ

Салом, эй дўстони қадрдонам,
Бувад номи шумо вирди забонам.
Аз он соле, ки мо якҷоя будем,
Яке нахлу дигар чун соя будем.
Гузашт имрўз, азизон, чилу панҷ сол,
Шуморо бинам аз нав шоду хушҳол.
Пас аз таҳсил шумо рафтед ҳар сў,
Кушода болу пар ҳамчу парасту.
Шумо имрўз худ устод ҳастед,
Зи кору боратон дилшод ҳастед.
Камар бастед баҳри хизмати халқ,
Барои равнақи маърифати халқ.
Яке бибӣ, дигар бобо бигаштед,
Каси хушбахт дар дунё бигаштед.
Вале рафтанд аз мо чанд ёрон,
Бимонда доғашон дар қалби моён.
Шуморо, ваҳ чӣ хуш, аз нав бубинем,
Ба паҳлўи шумо хуррам нишинем.
Зи Регистон шумо мисли манорон,
Шавед аз дур бар чашмон намоён.
Бихоҳам, ки ба синни сад дароед,
Ба ҳар ҷо ҳар нафас некӣ намоед.
Пури гандум бигардад хонаҳотон,
Пури мардум шавад тўйхонаҳотон.
Ба садсолиатон ман садта нўшам,
Ба ҷўш оям чу дарёву хурўшам.

Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 20/10/2017 10:34;   Просмотров: 1408
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку