- Ҳўй Заршед, Ўктам, кадоматон ҳаминҷо? Бачем аз чою оби бобоят бохабар шав. Боз бо либоси хонагӣ ба кўча баромада нараванд. - шунида мешуд овози хастаи фидоии соҳаи таълими халқӣ, яке аз мураббияҳои меҳрубонтарини ноҳия Мавҷуда Қодирова аз даруни хона, болои кати беморӣ.
- Онаҷон, ҳамаи мо ҳаминҷо. Бобоям ҳам ин ҷо, ба мо қиссаҳои зиндагӣ мегўянд...
Собиқадори матбуот, марди равшанзамир, сокини маҳаллаи Ўрташиқ Рафиқ Азизов аз сухани ҷуфти ҳалоли зиёда аз нимасрааш ба диққат омада, дар гулўяш гиря печид. Номаълумакак рўймолчаро ба даст гирифту оби чашмонашро пок кард. Охир, ҳамсараш худ бемору ғами ўро мехўрад. Ба наберагонаш таъин мекунад, ки аз ҳоли бобо бохабар бошанд.
- Ин дард ҳам одами нағзу бадро намешинохтааст-дия, - худ ба худ пичиррос мезад, дарун-дарун месўхт Рафиқбобо Азизов. - Агар гулдухтарони ба ҷону дил баробарам Иродаву Гулнораву Мўниса намебуданд, ҳамсараш кайҳо рахти сафар мебаст. Ҳатто духтурони номии ҷаҳон баъди дидани таҳлили бемории ў кам мондани умрашро муоина карда буданд. Боз аз лутфу меҳрубонии Худованд ва эътибори махсуси аҳли хонавода модар нафаси зиндагӣ мекашид. Ва ин нафасҳо барои Рафиқбобои бовафо басо азизу нафис буданд. Охир дар тўли умри якҷояи қариб панҷоҳу панҷсолаашон боре ҳам нашудааст, ки аз асаб ё аз ғазаб ба ҳамдигар "ту-ту" гўён муроҷиат карда бошанд. Мушкилоти зиёди ҳаётро низ бо сабру қаноат ва шукргузорӣ паси сар менамуданд. Агар аз ҳамдигар хатое гузарад, ҷавоби онҳо на дашному ҳақорат ё арбадаву хархаша, балки хандаву шўхӣ буд. Аз кинояи Рафиқбобо Мавҷудахола чунон рамуз мегирифт, ки бояд дигар ин корашро такрор накунад.
Тақдир ба онҳо писарро раво надид. Вале боре ҳам нашудааст, ки Рафиқбобо ё Мавҷудахола аз ин ҳолат ношукрие ба лаб бурда бошанд. Ҳар се гулдухтаракро ҳам хононданд, соҳибони маълумоти олӣ гардониданд. Ба ҷойҳои муносиб чун наварўс гуселониданд. Ба ҷиянҳо ғамхорӣ карданд.
- Ман ҳаргиз писарам нест, намегўям, се домодам аз ҳамдигар меҳрубонанд. Дар рўзи ноободиям аз писар беҳтар месозанду дар вақти бемориам аз даҳ писар зиёдтар месўзанд, - мегуфт ҳар доим Мавҷуда Қодирова. - Наберагон бошанд давоми умри моянд.
Мавҷудаапа, ки бонуи ороста, дилёбу меҳмоннавоз буд, дўсту наздикони Рафиқбобо Азизов доимо сўи ин хонадон мешитофтанд. Дастархони пур аз нуқлу наво, хўрданиҳои гарми босифат маҳсули дастони пурҳунари Мавҷудахола буданд. Ў, ки умре бо тарбияи фарзандони халқ машғул буд, худ низ соҳиби наберагони зиёд гардид. Домодҳо Исфандиёру Фармон ва Ҳасанҷон дар хидмати меҳмонон ҳозиру нозир буданд.
Рафиқбобо Азизов ҳамаи инро ҳоло танҳо ба танҳо аз хаёл мегузаронад. Инак, қариб як сол мешавад, ки завҷаи мўҳтарамааш бонуи оқилаву меҳмоннавози хонадонаш Мавҷуда Қодирова ўву манзили вайро тарк карда, ба сўи охират азми сафар намудааст. Агарчӣ хандаву меҳрубониҳои ҳамсарашро аз рухсору кирдори фарзанду наберагонаш мебинад, вале ҷои ў холист, холӣ...
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.