Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҶАШНИ САДА

Иди Сада ҳанўз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврўз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Иди Сада 50 рўз пеш аз фарорасии Наврўз, яъне рўзи 10-уми баҳманмоҳ мувофиқ ба санаи 30-юми январ ҷашн гирифта мешуд. Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрўз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврўз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд. Дар асари машҳури Умари Хайём "Наврўзнома" омадааст:

"Афридун ҳамон рўзе, ки Заҳҳок бигрифт, Ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рўзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрўз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд".
Аммо Абурайҳони Берунӣ гуфтааст: "Сада гўянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рўзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гўянд, иллат ин аст, ки дар ин рўз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рўз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рўз ба сад расид".
Оё медонед, ки калимаи "Сада" дар китоби "Авесто" ҳам ба маънои тулўъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулўъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад. Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии ғиёсободӣ навиштааст: "Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рўйдодҳои кайҳонӣ будааст".
Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун: сат, сатаг, сазак ва ё саз омадааст ва арабҳо онро "сазак" номидаанд. Абўрайҳони Берунӣ дар "Ат-тафҳим" сабаби "Сада" номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рўзҳои боқимонда то иди Наврўз - яъне 50 шабу 50 рўз медонад. Ҳамин фикрро ў дар "Осор-ул-боқия" чунин баён кардааст: "Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт, яъне ҳангоми ҷашни Сада мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро рўзи панҷуми моҳи обон, яъне 27-уми октябр мешумориданд ва охири зимистони бузургро рўзи даҳуми моҳи баҳман меҳисобиданд, яъне 30-юми январ ва ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд.
Роҷеъ ба Ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кўҳӣ Н.А.Кисляков ва И.С. Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин ва борвар шудани он шаҳодат медиҳад, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд. Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин иттилоъ додаанд, ки оташафрўзию фурўғи ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рўз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд. Бо изофаи 50 шабу 50 рўз ҷашни Наврўз аз аввали "панҷаи дуздида" ба унвони муқаддамоти наврўзӣ, ки худ аз силсилаи маросимҳо иборат буд, иди соли нав таҷлил мегардид.
Тибқи иттилои маъхазҳо, дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирўзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷмандону камбағалон ба ҳайси ҳадя медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондаанд. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада ба ҷараёни сафари ў рост омадааст. Султон дастур додааст, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷўй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурўғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шудааст, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукўҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар "Комил-ут-таворих" иттилоъ додааст.
Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, иди Сада таърихи аз 3 то 5 ҳазорсоларо доро мебошад. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Сада чун идҳои Наврўзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукўҳ, бо шодию сурур, оташафрўзию гулханфурўзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст!

Таҳияи Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 08/01/2020 17:13;   Просмотров: 859
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку