Ба ифтихори рўзи Хотира ва қадршиносӣ дар аксарияти деҳу гузар ва маҳаллаҳои ноҳия тадбирҳои хотирмон баргузор шуд. Қабристонҳо обод гардида, биноҳои қадимсоли муассисаҳои маърифатӣ таъмир шуданд. Аз ҳоли пиронсолоне, ки дар набардҳои шадиди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок карданд, дар оқибгоҳи фронт заҳмати дучандон кашидаанд, хабар гирифта шуд.
Аҳли маҳаллаи Гулбоғ низ ба ин маъракаи дилангезу савобгир бо дастовези маънавӣ гирд омаданд. Баробари он, ки бо сарварии раиси маҳалла Тоҳир Собиров гурўҳи пиронсолони барҷомонда, ногироён ва бепарасторон аз меҳру тўҳфаҳо шарафёб гардиданд, масҷиди куҳантаърихи деҳа низ, ки қариб ба харобӣ рўй оварда буд, таъмир ва тармим ёфт.
Масҷиди мазкур бо роҳи ҳашар ва маблағгузории Нурмуҳаммадбой, Акрамбой барин сарватмандони маънавиятпеша соли 1890 бунёд гардидааст. Бино солҳои дароз барои иҷро намудани рукнҳои исломии мусулмонони маҳалла чун намозгоҳи пок хидмат кардааст. Имомони аввалини масҷиди Қалъабоғ (номи аслии деҳа) Мулло Мухтор, Мулло Аслиддин, Мулло Исроил ҳанўз дар ёди мардум боқист. Солҳои истибдоди шўравӣ, ки ба намозгузорӣ ғавчўбҳо гузошта шуд, масҷид ба чойхона табдил ёфта буд. Ҳанўз солҳои аввали Истиқлолияти мамлакатамон дари ин даргоҳи муқаддас барои иҷрои амалҳои исломӣ боз гардид. Сонитар, аниқтараш то давроне ки масҷиди Хоҷа Абду Берун мақоми ҷомеъро гирифт, дар ин масҷид намозгузорӣ амалӣ мешуд. Аз он, ки Масҷиди марказии Хоҷа Абду Берун ба аҳолии маҳаллаи Гулбоғ ва масҷиди Қалъабоғ наздик аст, ин масҷид ба рўйхати намозгоҳи умумӣ дохил нагардид. Аз ин рў, бинои мазкур пас аз умри дубора ба маркази маънавият ва маърифат қарор ёфт.
Дар рўзи кушоиши дари маркази маънавият ва маърифат имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Хоҷа Абду Берун Ҳоҷӣ Лутфуллоҳ Ибодуллоев иброз дошт, ки бояд ҳар як маҳалла маркази маънавият ва маърифати худро дошта бошад. Деҳае, ки масҷиди худро дорад, дар назди меҳмонони намозгузор шарманда намешавад. Зеро имрўзҳо бо ташаббуси Президенти мамлакати соҳибистиқлоламон Шавкат Мирзиёев ба мустаҳкамсозии дини мубини Ислом эътибори ҷудогона дода мешавад. Аз таъмири хосса баромадани масҷидро ба аҳли деҳа самимона муборакбод мегўям.
Барҳақ, барои ободсозӣ ва бунёдкории масҷид фаъолону устоён ва ҳунармандони маҳалла хидмати босазое карданд. Бахусус, мардони дилсўзу баору номус аз ҷумлаи Тоҷибой Содиқов, Даврон Мухторов, Тоҳир Маллаев, Шавкат Маллаев, Ҷаҳонгир Исрофилов, Зафар Тўрақулов, Баҳодур Маллаев, Фаридун ва Фаррух Ўлмасовҳо, Ориф ва Шариф Қурбоновҳо, Раҳмон Содиқов, Шариф Маллаев, Шаҳобиддинг Тилавов ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштанд.
Суханони меҳрбори собиқадори меҳнат дар оқибгоҳи Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ Шамсибобо Қурбонови наввадсола, фаъолон Рўзимурод Шокиров, Орзуқул Мансуров ва дигарон дар ҳаққи ташаббускорону бунёдкорон басо самимӣ буд.
Дар охир раиси маҳалла Тоҳир Собиров ба дилсўзону устоён ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотирмон супорид.
Озод ҲАМИДЗОДА
Аксбардор
Хуршедҷон МАНСУРОВ
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.