Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТОЗАГӢ – ОМИЛИ ОБОДИИ МУҲИТ

Бо ташаббуси Садорати корхонаи унитарии давлатии экология ва ҳифзи муҳити атрофи вилояти Самарқанд аз 20-ум то 27-уми август саросари вилоят ҳафтаи ҳашари экологӣ гузаронида мешавад.

Рўзи 23-юми август дар ноҳия низ экоҳашар шуда гузашт. Он бо шўъбаи ноҳиявии экология ва ҳифзи миуҳити атроф хуб ташкил гардид. Аз саҳар то шом 11 мошини партовкашон ва коргарони либоси махсуспўш ба кўчаҳои маҳаллаҳои Кўйи сахо, Ўрташиқ, Гулобод, Ҷарқишлоқ, Талибарзуи поён, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Янгиариқ ва ғайра роҳ гирифтанд. Онҳо баробари хизматрасонии бепул бо мардум мулоқот намуда, аҳамияти тозагиро фаҳмониданд.
– Экоҳашар таҳти шиори «Дирёрамонро ба ҳудуди тоза табдил диҳем» мегузарад, - иброз дошт ҷонишини директор доир ба корҳои иқтисодии корхонаи мазкур Латиф Маҳмудов. – Мақсад аз ташкили чунин тадбир аҳолиро ба сарфакорӣ ва ҳифзи табиат, ободии ҳудуд омўзонидан аст. Ходимони мо дар оилаҳо шуда, ба аъзоёни оила аз нав коркард ва ба қисмҳо ҷудонамоии партовҳоро меомўзонанд.
Бояд гуфт, ки ҳар кисми партов аз нав кор карда шуда, ба масолеҳи мавриди ниёзи мардум табдил меёбад. Аз он маҳсулоти бинокориву маишӣ тайёр менамоянд. Ин барои баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, фаровонии рўзгор хизмат мекунад. Озодаву тозагии атроф ба манфиати худи мост.

Д.НАСИМОВА
Аксбардор Б.ҚОДИРОВ


Последнее редактирование: 13/09/2017 14:48;   Просмотров: 1420
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку