Аз бозе ки Назирҷон Қамаров ба мактаби таълими умумии рақами 22-и ноҳия муаллими фанни тайёрии ибтидоии ҳарбӣ таъин гардид, аз паи самаранокии таҳсил ва ободии синфхонаву майдонҳои махсус аст. Имрўзҳо гардишгоҳу варзишгоҳҳоро бо ғамхориву эътибори маъмурияти мактаб аз нав таъмир ва тармим месозад.
Хушбахтона, сарвари фарзонаи мактаб, яке аз машъалафрўзони маорифи халқ Моҳчеҳра Сатторова ҳар як иқдоми пухтаи муаллими навовар Назирҷон Қамаровро, ки аз таҷрибаи корзору рўзгор андўхтааст, дастгирӣ менамояд.
Хангоми машғулот бо шогирдон Назирҷон Қамаров хуб эҳсос кард, ки меҳри насли наврасро ба соҳаи ҳарбиву ватанпарварӣ танҳо бо донишандўзии назарӣ зиёд намудан кори осон нест. Бояд худи муҳофизони ояндаи Ватан - Модар аслиҳаи ҳарбӣ ва техникаи онро бо чашми худ бинанд. Аз мутахассисони соҳа сабақ омўзанд. Вақте ки ин таклифи худро ба мудири мактаб баён намуд, М. Сатторова бо хушнудӣ пазируфт. Аз мудири шўъбаи таълими халқи ноҳия Баҳриддин Мардонов, сардори идораи корҳои дохилӣ А. Сулаймонов рухсат гирифта, ба роҳбарияти шўъбаи самарқандии Маркази тайёрнамоии мутахассисони хурди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурияти Ўзбекистон мактуб ирсол намуданд. Аҳли маркази номбурда низ таклифро ҷонибдорӣ карда, гуфтанд, ки дари таълимгоҳи ҳарбӣ барои ҷавонмардон кушода аст. Шунидан кай бувад монанди дидан.
Муаллим Назирҷон Қамаров ҳамроҳи омўзгор Сайфиддин Амриддинов 39 нафар хонандаи синфҳои 10 ва 11-ро бо автобуси сайёҳии хизматрасониаш аъло дар ҳимояти кормандони идораи корҳои дохилӣ Азиз Гадоев ва Баҳодур Каримов ба шўъбаи самарқандии Маркази тайёрнамоии мутахассисони хурди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурияти Ўзбекистон бурд. Ҷонишини директори марказ доир ба масъалаҳои ташкилӣ, подполковник Турсунмурод Холматов, намояндаи Округи марказии ҳарбӣ, подполковник Исроил Собиров, устоди ҳарбиёни ҷавон, подполковник Даврон Зоҳидов ва дигарон бо шогирдони мактаби 22 вохўрда, дар бобати шарафи хизмати ҳарбӣ, эҳсоси Ватан ва ватандорӣ бо мисолҳо ҳарф заданд. Хонандагон ба ҳафт гурўҳ ҷудо шуда, бо техника, аслиҳа ва тўбу туфанги ҷангӣ, махсусиятҳои онҳо шинос шуданд.
Шогирдони Назирҷонмуаллим Нодир Муродов, Сўҳроб Солеҳҷонов, Далер Зиёев, Парвиз Мардонқулов, Азимшер Ахмедов ва дигарон мутахассисони соҳаро саволборон мекарданду ҷавобҳои саҳҳеҳ мегирифтанд.
Агарчӣ устоду шогирдон ҳамагӣ як рўз меҳмони Маркази ҳарбӣ буданд, таассуроти он то абад дар хотираашон нақш хоҳад баст. Зеро эҳсосоти шуҷоат ва мардонагӣ дар тинати ин ҷавонмардон ба ҷунбиш омад. Ин ҷунбиш онҳоро ба роҳи неки муҳофизати ватани маҳбуб даъват мекунад.
Озод ҲАМИДЗОДА.
Дар акс: лаҳзаҳои саёҳати сабақомўзии ҳарбии хонандаго
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.