#Анҷумани_матбуотӣ
Дар идораи рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” бо раиси шӯъбаи ноҳиявии Иттиҳодияи маҳалла Шавкат Ҳасанов дар мавзӯи “Мавқеи пиронсолон дар ҷамъият ва фаъолии иҷтимоии онҳо” анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Мувофиқи қарори махсуси Президенти мамлакатамон ҳафтаи охири моҳи октябр дар саросари ҷумҳурият “Ҳафтаи пиронсолон” эълон гардид. Оиди иҷрои қарор ва чорабиниҳои ҳафта Шавкат Ҳасанов маълумот дод.
- Дар давоми ҳафта барои пиронсолон тадбирҳои гуногуни маънавиву маърифӣ аз қабили вохӯрӣ бо ҷавонон, “Вохӯрии се авлод”, ҷашнвораҳо, саёҳат, мусобиқаҳои варзишӣ гузаронидем, - гуфт Шавкат Орифович ва афзуд. - аз ҳоли пиронсолони бемор ва эҳтиёҷманд хабар гирифтем. Инчунин, барои пиронсолон ба ҷойҳои сазовори диққати шаҳри Самарқанд ва вилоятҳои Тошканд, Бухоро ва Қашқадарёро саёҳат ташкил карда шуд.
Барои идомаи ҷалби пиронсолони мо ба варзиш мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷавонон ташкил карда шуданд. Барои ҳаёти солим марафонҳои 5000 қадам ташкил гардид.
Дар иттидодияи тиббӣ зиёда аз 8 ҳазор нафар нурониён аз назорати тиббӣ гузашта, пиронсолоне, ки ба табобат эҳтиёҷ доранд, дар шароити хона, амбулаторӣ ва стасионарӣ табобат карда шуданд. Истироҳати 5 нафар пиронсолон дар санаторияҳои ҷумҳуриятамон ташкил карда шуд. Ба хонаи 565 нафар пиронсолони бемор ва зиёӣ рафта, аз ҳолашон хабар гирифтем.
Дар поёни тадбир Шавкат Ҳасанов ба пурсишҳои ҳозирон ҷавоб дод.
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.