Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАЪРИФАТИ МАХФИРАТРАИС

Номи мубораки Махфират Муҳаммадиева низ дар осмони пурситораи кишоварзони Самарқанд нурафшонтарин аз ҳама медурахшад.

Ин бонуи латифу зариф ва ташаббускору қатъияткор фаъолияти худро пас аз саводнокӣ дар мактаби зодгоҳаш - деҳаи Галаосиё барои фаровонии дастархони халқ бахшид. Вақте ки ҷавонмардони ҳузарб дар қатори фронт саф кашида, барои дифоъи ватан меҷангиданд, Махфират Муҳаммадиева занҳои каландбадасту говронадор, пиллапарвару ғаллакорро сарварӣ намуд. Сухани ў дар ҳама ҷо мебуррид. Зеро худ низ мўза дар пою қамчӣ дар даст саҳро ба саҳро аспсавор мегашт. Харидорони зиёде дошт. Пас оилаи зебое ҳам ташкил кард. Баробари фарзандони худ ба чанд тан ятимон низ меҳри модарӣ дод.
Овозаи Махфират Муҳаммадиева то Маскав - маркази ҳукумати шўравӣ расидааст. Борҳо дар анҷумани қурултойҳои давлатии кишоварзон иштирок намуда, аз дастони Хрушев, Брежнев барин роҳбарони давр ордену медал ва ифтихорномаҳо гирифтааст. Роҳбарони ҳамонвақтаи Ўзбекистон Усмон Юсуфов ва Шароф Рашидов Махфират Муҳаммадиеваро эҳтиром менамуданд. Зеро ў хоҷагиҳои ҷамоатии "Москва" (сонитар "Дўстлик"), "Победа" ва ғайраро сарварӣ намуда, чӣ супориши маҷбуриятиву чӣ ихтиёриро сад дар сад иҷро менамуд. Мактаби зиндагии Махфират Муҳаммадиева худ шоистаи омўзиш буда, он сол аз солу насл ба насл чун маърифати Махфиратраис боқӣ мемонад.

Н.ДИЛРАБО


Последнее редактирование: 13/05/2020 16:16;   Просмотров: 753
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку