Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ФАЗИЛАТИ ИДИ ҚУРБОН

Қурбонӣ як ибодати муҳими исломист, ки решаи таърихии он ба замони Одам (а) мерасад ва дар замони ҳар як пайғамбар муқаддас будааст.
Аз рўзгори Одам (а) то замони Иброҳим (а) қурбонӣ шартҳои хосси худро доштааст. Онҳо қурбонӣ мекарданд. Вале наметавонистанд аз гўшти он бихўранд, балки мунтазир мемонданд, то оташе аз осмон фуруд меомад ва онро месўхт.

Аз Зайд ибни Арқам (р) ривоят шудааст, ки асҳоби Расулуллоҳ (с) аз он Ҳазрат (с) пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ (с), ин қурбониҳо чист» Фармуданд: «Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст». Гуфтанд: Пас чӣ суде барои мо дорад? Фармуданд: «Дар баробари ҳар тори пашм ва мўи он як ҳасана барои шумо дода мешавад».
Инчунин, аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Рўзи ид фарзанди Одам ҳеҷ амале маҳбубтар аз рехтани хуни қурбонӣ дар назди Худованд анҷом надодааст. Ҳайвони қурбонӣ рўзи қиёмат бо шоху пашм ва мўю суми худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед».
Шароити Қурбонӣ
Қурбонӣ бар шахсони мусулмон ва озоду муқиме, ки дар айёми ид ғанӣ ва сарватманд бошанд, назди Имоми Аъзам (р) воҷиби амалӣ аст, на эътиқодӣ. Аммо назди Имом Шофеъӣ ва Имом Абўюсуф суннати муаккада аст.
Касоне, ки ғайр аз ниёзҳои зарурии худ мисли манзили маскунӣ, рахт ва ҷиҳози хона, васоили саворӣ боз соҳибнисоб ҳам бошанд, қурбонӣ барояшон воҷиб мегардад, фарқе надорад, ки ашхоси сарватманд шаҳрӣ бошанд ё деҳотӣ. Дар тамоми шартҳои боло зану мард баробаранд.
Агар шахси қарздоре пас аз пардохти қарз барояш он миқдор маблағе монад, қурбонӣ бар ў воҷиб мегардад.
Агар барои пардохти закот баъд аз соҳибнисоб шудан гузаштани як соли ҳиҷрии қамарӣ шарт бошад, вале барои қурбонӣ кардан гузаштани як сол шарт нест. Агар шахси фақир то охири рўзи сеюми ид соҳиби маблағи муайян гардад, барояш қурбонӣ кардан воҷиб мегардад, агар қарздор набошад.
Агар касе дар оғози айёми ид ғанӣ буд ва қурбонӣ накард, то ин ки дар охири айёми ид фақир шуд, бар ў қурбонӣ воҷиб намегардад.
Агар мусфири ғанӣ қабл аз ғуруби рўзи сеюми ид ба хонаи худ баргашт, ё фақир то қабл аз ғуруби рўзи сеюми ид соҳибнисоб шуд, дар ҳар ду сурат қурбонӣ воҷиб мегардад.
Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рўзҳо қурбонӣ накард, бояд қимати моли қурбониро ба мўҳтоҷону тангдастон садақа намояд.
Қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Мавсими қурбонӣ дар рўзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа аст. Агар дар ғайри ин рўзҳо қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рўзона забҳ кардан авлост.
Дар рўзи 12-уми Зулҳиҷҷа то замоне ки офтоб ғуруб накарда бошад, қурбонӣ ҷоиз аст. Пас аз ғуруб дигар ҷоиз намегардад.
Кадом Ҳайвонеро бояд Қурбонӣ намуд?
Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгўшти хонагӣ барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гўсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.
Агар гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Аммо беҳтар он аст, ки пеш аз харидан нияти шарик шудан кунанд. Нияти касоне, ки бо ҳам шарик шуда қурбонӣ мекунанд, бояд ризои Худои таъоло бошад. Агар яке аз шарикон ба хотири гўшт хўрдан шарик шавад ва нияташ қурбонӣ набошад, ё яке аз шарикон мусулмон набошад ва дигарон дониста ўро шарики худ интихоб намуданд, қурбонии ҳама ҷоиз намешавад.
Гўшти қурбониеро, ки чанд нафар якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд, зеро тахминӣ тақсим намудан ҷоиз нест. Инчунин, калла, поча, дил, ҷигар ва пўсти он ҳайвонро низ бояд тақсим намоянд. Ҳайвони қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гўсфанд на камтар аз як сол бошад, аммо барраи шашмоҳа ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад ва ҷуссаи қавӣ дошта бошад, ҷоиз аст.
Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.
Дар рўзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кўмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст.
Дар охир мардуми шарифи кишварро бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик гуфта, барояшон осоишу амнияти бардавом, саодати дорайн ва хонаободӣ таманно дорам.

Аз рўи манбаъҳо таҳияи Фирдавс ҲАМДАМОВ, сокини маҳаллаи Ўрташиқ, ноиби имом-хатиби
масҷиди ҷомеи Хоҷа Нисбатдор


Дата добавления: 01/09/2017 16:03;   Просмотров: 1257
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку