Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БА ҲИФЗИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ...

Мавсими навбатии даъвати ҷавонони кишвар ба хизмати ҳарбӣ идома дорад, ки он боиси сарбаландии мост. Ҳамин аст, ки ин рисолати муқаддасро ҷавонон бештар дарк намуда, хизмат ба Ватани азизу муқаддасамонро бо дилу ҷон мепазиранд.

Артиши миллӣ айни замон дорои шароити хуб буда, теъдоди шомилшавии ихтиёрии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ўзбекистон нисбат ба солҳои гузашта меафзояд. Ин аз дарки баланди масъулиятшиносӣ, ватандўстӣ ва қавииродагии ҷавонони мо шаҳодат медиҳад. Нуктаи дигаре ҳам боиси қайд аст, ки аксари падару модарон ва пайвандони даъватшавандагон барои шомилшавии онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ўзбекистон мусоидат намуда истодаанд.
Мо - ҷавонон набояд нисбати пешомади кишвари худ бетарафӣ ва беаҳамиятӣ зоҳир намоем.
Ватану миллатро дўст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад.
Маҳз, Ватан - Модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад. Хизмат ба Ватан - Модар қарзи ҳар як соҳибватан аст!

Фарҳод ҚОСИМОВ,
мутахассиси шўъбаи даъватшавандагони
ҳарбии Идораи мудофиаи ноҳия


Последнее редактирование: 08/01/2020 17:16;   Просмотров: 772
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку