ХОТИМА
(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Қаҳрамони мо зани дарёдилест,
Дар дилаш як зарра гарду кина нест.
Ҳаст аз тоифаи дилёбҳо,
Меҳрубон, ғамхор, хушодобҳо.
Гоҳ ҷиддӣ, гоҳ хандон чашми ў,
Меҳаросад нобакор аз хашми ў.
«Нуктаҳояш мекушад дарду алам,
Бишнавӣ, аз дил зудояд занги ғам» (Навоӣ)
Дидаҳо саршори нур чун офтоб,
Дил аз он ободу гаҳ хору хароб.
Хайрхоҳи одам асту олам аст,
Дилфигори чораҷўро маҳрам аст.
Дасти ёрӣ медиҳад афтодаро,
Хастаро бинад, шавад мотамсаро.
Мешитобад дар раҳи кори савоб,
Ёфт, гўӣ, дар чунин роҳ обу тоб.
Хизматаш беминнат аст, эй ҷони ман,
Мақсадаш: хурсанд бошад ҳамватан.
Абрувонаш ҷилвагар мисли ҳилол,
Бар нигоҳаш тоб овардан муҳол.
Қадди раънояш чунон зебандааст,
Ҳамчу сарви бўстон тобандааст.
Оразаш бишкуфта чун гулҳои тар,
Нахли одобаш гулафшон, пурсамар.
«Месарояд ў суруд аз зиндагӣ,
Пора созад бандҳои бандагӣ.
Рози дунё аз забони ў шунав,
Баҳри ў фарқе наястӣ кўҳна нав.
Ў ҳамеша навҷавону бовиқор,
Дар хурўшу дар маромаш ў баҳор.
Ў баҳори зиндагӣ илқо кунад,
Булбул аз бўи гулаш шайдо кунад.
Набзи боғу ин замин аз шўри ў,
Аз такопўю хурўшу зўри ў.
Пас навиди нав ба олам оварад,
Зиндагии тозаро ў офарад». (Ҳадиса)
Мухтасар фарзонаи айёми мо,
Боиси эъзози мо, илҳоми мо.
Ҳар касеро офарид Яздони пок,
То дилаш аз ғам нагардад чок-чок.
То шавад аз некхўйӣ номвар,
Токи мардумро шавад ў тоҷи сар.
То ба хулқаш даҳрро оро диҳад,
То ки меҳраш нақш дар дилҳо ниҳад.
То нагардад беҳаёву рўсияҳ,
То набошад зери по қадраш чу каҳ.
Рутбааш худ Ҳазрати Инсон бувад,
Ин ҷаҳон гар тан бувад, ў ҷон бувад.
Пас набояд ҳар киро озор дод,
Шахси беозор Худоро ёр бод!
Ҷон атои Офаридгор асту бас,
Тан қабои рўҳи бедор асту бас.
Зинда бодо одаму одамгарӣ,
Бод ҷовид суннати пайғамбарӣ!
«Дар ҷаҳон донӣ, ки гардад мўътабар?
Он, ки ўро бок набвад аз хатар» (Ф.Аттор.)
Он, ки бишносад ҷаҳони хешро,
Мепарастад шоҳро, дарвешро.
Пос дорад Каъбаи яктои дил,
Роҳ ҷўяд бо ғами эҳёи дил.
«Орифон ҷўянд аз шеъру китоб», (Меҳринисо)
Қадри инсон, қадри обу офтоб.
Қадри нони осиё, қадри замин,
Қадри дамҳои азиз, меҳрофарин.
«Лаҳзае чун шўъла бар ҷонам биё», (Меҳринисо)
Дар хаёлу ишқу имонам биё.
«Устуворам дар раҳи паймони хеш», (Меҳринисо)
Ҷон диҳам дар ҳифзи шаъну шони хеш...
Нормурод КАРИМЗОДА
Copyright © 2024. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.